Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Душанбе иҷро намуд.

  • 06.06.2022 ширкат нахустпарвози мустақимро дар хатсайри Душанбе — Мюнхен — Душанбе анҷом дод.

  • 01.08.2022 иҷрои парвозҳо аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва шурӯъ ёфтанд.

  • 30.08.2022 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар доираи барномаи навсозии парки худ як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро дар асоси лизинги амалиётӣ аз ширкати ACG вориди Душанбе намуд. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвонгузорӣ шуд.

  • 08.09.2022 боз як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро аз ширкати ACG ба лизинги амалиётӣ гирифт. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум унвонгузорӣ шудааст. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ ба шаш адад расид (ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800). Қабули ҳавопаймоҳои нав ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиасияи гражданӣ рост омад.

  • 31.01.2023 иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе — Теҳрон — Душанбе оғоз ёфтанд.

пешина
аз 275
навбатӣ