Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
АНТ-25 ба роҳ монда шуд. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бюроҳои ҳавопаймосозии С. В. Илюшин, С. А. Лавочкин, А. И. Микоян ва М. И. Гуревич, В. М. Петляков ва А. С. Яковлев киркунандаҳои ЛаГГ-3, МиГ-3, Як-1, бомбандозҳои Пе-2, Ил-4 ва ҳамлавари Ил-2-ро ба вуҷуд оварданд.
Ҳавопаймоҳои сохти Шӯравии давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ла-5, Ла-7, Як-3, Як-9, Пе-2, Пе-8, Ил-2, Ил-4, Ту-2 бо сифатҳои аэродинамикӣ, вазн ва аслиҳаи худ аз ҳавопаймоҳои дигари хориҷӣ афзалият доштанд.
Охирҳои солҳои сиюми асри гузашта Б. С. Стечкин назарияи баҳрабардории муҳаррики реактивиро пеш гузошт, ки дар солҳои минбаъда инқилоби ҷиддиеро ба миён овард. Дар муҳлати кӯтоҳ дар Иттиҳоди Шӯравӣ А. М. Люлка, ширкатҳои БМВ, Юнкерси Олмон ва Ф. Уиттл (Англия) муҳаррикҳои турбореактивӣ ихтироъ карданд, ки марҳалаи нави инкишофи соҳаи ҳавопаймосозӣ гардид.
Парвози аввалин ҳавопаймоҳои Шӯравӣ бо муҳаррикҳои турбореактивӣ (МиГ-9, Як-15) 24 апрели соли 1946 ба вуқӯъ омад. Солҳои 1947–1948 ҳавопаймоҳои реактивии пайконболи шӯравӣ Ла-15 ва МиГ-15 ба вуҷуд омаданд, ки суръати баланд доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё