Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

ХИЗМАТИ БОСИФАТ
ДАР МАДДИ АВВАЛ

Пештар азназаргузоронии бору бағоч дастӣ сурат мегирифт, ки вақти зиёд сарф мешуд ва барои мусофирон ҳолати ногуворро эҷод мекард. Яъне, дар ҳар як қадам аз назар гузаронидани шиносномаҳои мусофирон ва бахусус, даъват намудани чандинқаратаи онҳо ба бозбинии ҳуҷҷатҳои шахсӣ зиёд ба назар мерасид. Албатта, ин омил обрӯю нуфузи фурудгоҳро андаке коҳиш медод ва сифати фаъолиятро халалдор менамуд.

Ҳамакнун, азназаргузоронии дастии бағочи мусофирон тӯли 7 - 8 соли охир аз байн рафта, теъдоди мақомоти тафтишот маҳдуд карда шудааст. Имрӯзҳо мусофирон озодона аз нуқтаҳои қайду назорат гузашта, ба толори интизории пешазпарвозӣ ворид мешаванд.
250 камераи мушоҳидавии видеоӣ дар тамоми ҳудуди фурудгоҳ фаъол буда, вобаста ба ҳолатҳои қоидавайрокунӣ, ки аз ҷониби кормандон роҳ дода мешавад, чораҳои муҳим андешида мешаванд.

Вусъати корҳои ободонӣ дар фурудгоҳ
Аз дидани саҳни зебои бо гулҳои муаттар ороёфта

пешина
аз 275
навбатӣ