Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

соли равон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар аэродроми фурудгоҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳии баландшуои тамғаи ОВИ - 1 (истеҳсоли ширкати олмонии «Honeywell»), ки ба талаботи дараҷаи 1 - уми ИКАО мутобиқ аст, васлу насб карда шудааст. Инчунин системаи нави фурудуи - ILS ва таҷҳизоти сафарбаркунии DME/N (истеҳсоли Норвегия) васлу насб карда шудааст, ки дар байни фурудгоҳҳои Осиёи Марказӣ камназир мебошад.

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» низ дар мамлакат аз фурудгоҳҳои обод ва пешрафта маҳсуб мешавад, ки сол аз сол рушд карда истодааст. То ҳол, шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда 3331 ададро ташкил медиҳад ва фурудгоҳ дар соли 2023 ба 1 млн 25 ҳазору 532 мусофир хизмат расонидааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2022 114 ҳазору 559 мусофир ё 13% зиёд мебошад. Миқдори умумии интиқоли бор ва почта аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли 2023 - 119 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 38 тонна ё 47% зиёд мебошад.

Директори ин фурудгоҳ Қурбони Алимардон мебошад, ки маҳз бо роҳбарии ӯ солҳои охир корхона ба пешравиҳои зиёде ноил гаштааст.

пешина
аз 275
навбатӣ