Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг

БОЛИ ҚАВИИ МИЛЛАТ

«Дар давоми солҳои охир соҳаи авиацияи граждандии мамлакат мувофиқи талаби замон пеш рафт ва ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат табдил ёфт».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рӯзҳои арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 3-юми сентябри соли 2024 ба ташкил шудани авиацияи граждандии мамлакат 100 сол пур мешавад. Мо бо камоли мамнуният ва эҳтирому сипосгузорӣ ба солҳои сипаришуда назар андохта, аз куҷо то ба куҷо расидани болҳои оҳанини қавии миллати сарбаланди тоҷикро мушоҳида мекунем. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Рушди авиацияи гражданӣ, муҳайё намудани шароити муосири инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои асоситарини рушди туризм мебошад, ки дар навбати худ шарти муҳими рушди иқтисодиёти кишвар, афзоиши даромади ширкатҳо ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мебошад».

Дарвоқеъ, ба таъсиси авиасияи гражданӣ як аср шуда бошад ҳам, танҳо баъди ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гаштани Тоҷикистон он ҳаматарафа инкишоф ёфт, пеш рафт ва ба комёбиҳои назаррас соҳиб гашт. Кушода шудани хатсайрҳои нав, бо ҷаҳон пайвастани Тоҷикистон, такмил ва беҳтар кардани хизматрасонӣ, соҳиб шудан ба воситаҳои ҳозирзамони болҳои қавӣ, инкишофи структура ва шаклҳои корӣ, ташаккули сохтор, маҳз дар замони истиқлолият ба даст омад.

Агентии авиасияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин давра дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиасияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои авиасионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, ҷиҳати рушди соҳаи авиасияи граждании мамлакат, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ дар рушди иқтисоди мамлакат арзёбӣ мегардад, корҳои назаррасро анҷом додааст.

аз 275
навбатӣ