Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Мисол, аксари менеҷерон ва мутахассисони идоракунии захираҳои башарии ИМА арзишҳои вобаста ба кори худро чунин шарҳ додаанд:
- Мақбул донистани дастовардҳо ва арзанда будан.
- Муносибати арзанда ва эҳтироми якдигар.
- Озодӣ ва интихоби озодонаи фардии фаъолияту кор.
- Ҳаловат бурдан аз кори худ.
- Бехатарии молиявӣ.
- Худинкишофёбӣ.
- Саломатӣ ва сатҳи хуби зиндагонӣ.
Арзишҳои номбаршуда барои ҳар як менеҷер шарти зарурӣ буда, истифода аз онҳо пайдоиши ҷойҳои кории нав, обрӯю эътибори менеҷменти ташкилот мебошанд.
Яке аз унсурҳои дигари амалигардонии имконоти фардии одамон мавқеъгузории арзишҳо мебошад.
Мавқеъгузорӣ — ин муқаррар намудани ақидаи худ оид ба мусбат ё манфӣ будани ин ё он ҳодисаро меноманд. Мавқеъгузорӣ низ мисли арзишҳо ба таъсири якчанд омилҳо аз қабили авлодӣ, оилавӣ, маҳаллӣ ва дину оин вобаста мебошад. Фақат як нуқтаро бояд қайд кард, ки мавқеъгузорӣ вобаста ба объект ва ҳолатҳо аниқу конкретӣ мешаванд, ба шарте ки онҳо устувор буда, дар ҳама мавридҳо вуҷуд дошта бошанд.
Вақте ки ба Шумо касе хабареро мерасонад, хоҳ - нохоҳ мавқеатонро муайян месозед ва ин, албатта, ба он системаи арзишҳое, ки бохабаред, вобаста аст. Мавқеатонро аз рафтор ва гуфторатон оиди ахбори расонидашуда муайян кардан мумкин аст.
Зудбоварӣ, ё қавииродагии Шумо аксар маврид аз рӯи мавқеъгузориатон муайян карда мешавад. Боварии Шумо ва бовар кунонидани дигарон ба рафторатон вобастагӣ дорад. Бинобар ин, алоқамандии бевоситаи байни мавқеъгузорӣ ва рафтори Шумо вуҷуд дорад. Ин алоқамандӣ андозаи таҷриба, дониш ва малакаю қобилияти кордониатонро инъикос менамоянд. Агар ин хислатҳоро надошта бошед ва рафтори худро аз рӯи ахбори беасос ташкил диҳед, мавқеи худро аз даст медиҳед ва Шуморо касе дигар эҳтиром намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё