Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Назариявӣ - ҳавасмандӣ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат бо роҳи фикрронии дурусти ақлонӣ.

  2. Иқтисодӣ - ҳавасманд будан ба манфиатнокӣ ва амалигардии хоҳишҳо аз он ҷумла ба даст овардани сарвату дороиҳо.

  3. Эстетикӣ - ҳавасманд будан ба зебоӣ, мутаносибии шакл бо бадеияти фаъолиятҳо.

  4. Иҷтимоӣ - ҳавасмандии фаъолият барои одамон ва шавку рағбати онҳо дар фаъолият, ҳамчун асоси муносибатҳо.

  5. Сиёсӣ - ҳавасмандӣ барои бадастоварии ҳокимият ва ҳокимиятдорӣ.

  6. Динӣ - ҳавасмандӣ барои шинохти асоси хилқат ва офариниш.

  7. Экологӣ - ҳавасмандӣ барои солимии муҳити зист ва одамон.

Ҳар як гурӯҳи одамон ин ҳафт шакли арзишҳоро дар пайдарпаии барои худи онҳо муносиб истифода менамоянд. Мисол, диндорон - дар пайдарпаии зайл истифода менамоянд: динӣ, эстетикӣ, экологӣ, сиёсӣ, назариявӣ, иқтисодӣ. Олимон - назариявӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, эстетикӣ, экологӣ ва динӣ.

Гурӯҳи дигари олимон дар чунин ақидаанд, ки арзишҳои дар боло номбаркардашуда на ҳама вақт барои ба мақсад расидани менеҷмент мувофиқат менамоянд. Бинобар ин, арзишҳои бевоситаи кориро чунин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст:

  1. Дастовардҳо — фақат дар натиҷаи меҳнати пурсамарӣ.

  2. Дастгирии атрофиён ва кӯмак ба онҳо - ҳавасмандӣ ба инсондӯстӣ ва ёрии бевосита ба одамон.

  3. Ҳақиқатпарастӣ — ростгӯйӣ, ростқавлӣ ва ҳақиқатгӯйӣ.

  4. Адолатпарастӣ - доимо хислати адолатхоҳона доштан нисбат ба ҳамаи шахсони манфиатдори атроф.

  5. Вақтшиносӣ - қадр кардани вақти худ ва баҳои дигар додан ба вақти сарфшуда барои меҳнат.

Мутахассисон муайян намудаанд, ки ҳангоми арзишҳои дар боло номбаршударо асоси кори худ қарор додани роҳбарон, зердастон бисёртар ҳаловат бурда, изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки вобаста ба синну соли одамон ин арзишҳо ҷойҳои худро тағйир дода каму зиёд мегарданд.

пешина
аз 522
навбатӣ