Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Инъикоси усулҳо дар натиҷаи ҷамъоварии ахбор ва баҳодиҳии онҳо ва истифода дар ҳалли проблемаҳо ва қабули қарор нишонаҳои хоси тавсифи иҷтимоӣ мебошанд.

Фаҳмиши ахбор - ҷамъоварӣ, гурӯҳбандӣ, коркард ва истифодаи он дар ҳалли масоил ва қарорҳои роҳбарӣ мебошад. Барои аксари одамон асосан ду имкони қабули ахбор хос мебошад:

  1. Бо роҳи фаҳмиши донишмандӣ — ихтисосмандӣ ва касбӣ.

  2. Қобилиятнокии модарзодии дарки масъала.

Шахсоне, ки бо роҳи якум бисёртар фаъолият доранд, доимо ҳаракат менамоянд, ки масъалаҳоро дар муомила ва ризогӣ бо атрофиён ҳал намуда, ба ин восита зиндагонии хубро интихоб намоянд.

Шахсоне, ки варианти дуюми баҳодиҳиро бисёртар истифода мекунанд, дар аксари мавридҳо қобилиятнокии донишмандии худро истифода карда, новобаста ба баъзе норозигиҳои атрофиён ба эҳтимолият ва мумкинот ҳаракат намуда, доимо дар талош мебошанд.

Бинобар ин, аксари мутахассисон дар чунин ақидаанд, ки вобаста ба усули ҳалли масъалаҳо ва тарзи он шахсияти одамонро муайян кардан мумкин мебошад. Дар аксари мавридҳо одамони боандеша ҳавасмандии фаъол дошта, бисёртар аз натиҷаи корашон қаноатманд мебошанд.

Ғайр аз гуфтаҳои боло, инчунин, хислатҳои хоси фардии ҳар як шахсият вуҷуд дорад, ки дар вақти интихоби кормандон бояд ба инобат гирифт.

Ин хислатҳо бисёртар дар қобилияти зеҳнӣ, иҷтимоӣ, психологӣ, варзишӣ, инчунин, қавииродагии одамон дар ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими зиндагонӣ мушоҳида мешаванд.

Худро дар ҳолатҳои гуногуни рӯҳию иҷтимоӣ идора кардан яке аз хислатҳои концептуалии шахсиятҳо мебошад. Аз тарафи дигар, мутобиқ намудани қобилияти баланди худ ба ҳолатҳо ва атрофиён яке аз хислатҳои баланди концептуалӣ мебошад, яъне ин гуна шахсон метавонанд худро дар ҳолатҳои вазнини ҳалли масъалаҳо хуб нишон дода, аз ҳолати аслии худ дуртар бошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ