Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- 45-85 - солагӣ ва пиронсолӣ.
Ҳар яке аз ин давраҳо барои интихоби касб, инкишофи шахсиятҳо таъсири калон мерасонанд ва дар идоракунии менеҷменти корхона онро бояд пурра ба инобат гиранд. Чунин усули омӯхтани инкишофи фардии одамон имкон медиҳад, ки вобаста ба синну сол тағйирёбии талаботи одамон муайян ва дар назар дошта шаванд.
Мутахассисон хусусиятҳои гуногуни шахсии одамонро муайян сохтаанд, ки рафтори устувор ва қобилияти кордонии онҳоро нишон медиҳанд. Аслан хислатҳои хоси кормандонро вобаста ба қобилияташон ба панҷ гурӯҳи калон ҷудо мекунанд:
-
Муомилаи хуб доштан - диққатҷалбкунанда ва хушмуомила будан.
-
Тайёр будан ба ҳамкорӣ - боваркунанда будан ва дили соф доштан.
-
Боақл будан - ҳисси масъулият доштан, дилпур ва қавиирода будан.
-
Устувории эҳсосот - ором, худбовар ва устувор будан.
-
Кушодарӯӣ ва ростқавлӣ - қобилияти фикрию худро тавассути сухан баён кардан, ҷаҳонбинии васеъ доштан ва зиндадил будан.
Панҷ хислате, ки дар боло номбар шуданд, инҳо пеш аз ҳама махсус барои муҳандисон, менеҷерон, органҳои ҳифзи ҳуқуқ, тоҷирон ва махсусан барои мутахассисони баландпоя ҳатмӣ мебошанд.
Барои дигар намуди ихтисос, касб ва вазифа хусусиятҳои кормандон дар ҳолатҳои дигар низ ба инобат гирифта мешаванд.
-
Дар шинохти хислатҳои шахсиятҳо.
-
Дар зери таъсири омили иҷтимоӣ.
-
Дар зери таъсири эҳсосот омӯхта мешавад.
Ин се омил дар ҳар як ҳолат чӣ гуна таъсироти худро расонида метавонанд ва чӣ тавр бо ҳам алоқаманд мешаванд, ин ҷо шарҳ хоҳанд ёфт.
Хислатҳои иҷтимоии шахсиятҳо ин тавсифи ҳар як фард аз нигоҳи атрофиён дар ҳолати муоширати ҳолатҳои алоҳидаи иҷтимоӣ мебошад. Аз нигоҳи аксари мутахассисони рӯҳшинос усули ҳалли масоил бевосита шинохти хислатҳои иҷтимоии шахсиятҳо мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё