Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Афлотун давлатро ҳамчун «тани одамӣ» муаррифӣ менамояд. Дар фаҳмиши христианӣ чунин фаҳмишро дар институтҳои ҷамъиятӣ масҷидҳо, ибодатгоҳҳо ва корпорасияҳо ифода менамуданд.

Дар асрҳои миёна ҷараёни иҷтимоӣ ба раванди ба гурӯҳҳои муайян ҷудо гаштани одамон омада мерасад. Дар аввали асри XVI дар асари Никкола Макявелли «Государь» мафҳуми «Давлат» аз калимаи италиявӣ «Station» ва лотинии «States» гирифта шуда, маънии «Истодан, пойдор будан ва қарор доштан»-ро доро мебошад. Баъдтар ин мафҳум ҳамчун истодагарӣ дар марзи муайян ё худ минтақаи муайян номида мешуд. Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳама давру замон се мӯъҷиза дар алоқамандӣ бо якдигар омӯхта мешуданд: «Худо-табиат-одамон».

Назарияи имрӯза дар системаи иҷтимоӣ диққати асосиро ба илми сиёсатшиносӣ ва иқтисодӣ равона месозад, ки дар натиҷа дигар системаҳои ҷамъиятӣ - оила, қавму қабила, масҷид ва маълумотнокӣ дар канор монданд.
Ҳол он ки дар ташаккули шахсиятҳо ва менеҷмент, бахусус, дар Тоҷикистон ин институтҳо дар маҷмӯъ ба раванди ҷамъиятӣ таъсири калон мерасонанд.

Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки имрӯз дар Тоҷикистон вақти он расидааст, ки мо ташаккули «шахси нав»-ро дар ҳама зинаҳои инкишоф шурӯъ аз оила то мактабу масҷидҳо, корхонаю ташкилотҳо омӯхта, дар системаи инкишофи менеҷмент ва давладорӣ механизмеро ҷорӣ намоем, ки барои ояндаи давлату давлатдории тоҷикон мусоидат намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон баъзе олимон, иқтисодшиносон, роҳбарони идораю вазоратҳо дар вақти коркарди барномаҳои ислоҳоти соҳаҳо, гузариш ба бозор, хусусигардонӣ ва барномасозиҳои дигар масоили муҳими инкишофи соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, ба ин масъалаи муҳими менеҷмент, яъне «захираҳои башарӣ»
диққат намедиҳанд. Дар натиҷа фаъолияти менеҷмент натиҷаи самарабахш надода, исрофкориҳои зиёдро ба миён меоранд ва пешравии соҳаҳо назаррас намебошанд. Аксарият дар чунин ақидаанд, ки дар сурати будани техника ва мол инкишофро метавон таъмин кард, аммо, аз нигоҳи мо, ин ақида ғалат мебошад, зеро истифодаи техника ва технологияи нав, самаранокии истифодаи

пешина
аз 522
навбатӣ