Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Аз рӯи принципи кории менеҷменти Ҷопон тамоми бурду бохти корхона аз шахси 1-ум вобастагии калон дорад. Бинобар ин, ба интихоби роҳбари аввали корхона диққати махсус дода мешавад.
Хусусияти дигари хоси фирмаҳои Ҷопон дар солҳои охир ин «ҷаст ин тайм» (just in time) - «дақиқу саривақтӣ» мебошад, яъне мувофиқи ин система бояд захираҳо ба корхона вақте дохил шавад, ки онҳо лозиманд.
Аз 2000 коргари вазорати молияи Ҷопон фақат 50 роҳбар кабинети алоҳида дораду халос ва аз 1500 нафар корманди вазорати маданият 28 нафар дар кабинети алоҳида кор мекунад.
Дар баъзе кабинетҳои калони Ҷопон то 20 роҳбар якҷоя кор мекунанд, ки ин самараи хеле ҳам калон дорад, яъне:
а) хароҷоти кам;
б) самаранокии кор хеле хуб мешавад.
Роҳбар дигар наметавонад, ки вақти худро беҳуда сарф намояд ё ки бе сабаб ба кор ҳозир нашавад, ё умуман, бекор нишинад.
Аксари фирмаҳои ҷопонӣ аз принципи «истеҳсоли зиёд» даст кашидаанд. Онҳо аллакай ба принципи сифатии мол сар карданд, ки ин принципи истеҳсоли маҳсулоти асри XXI мебошад. Мисол, аз қабили электроника, телевизорҳо, маҳсулоти химиявӣ. Як шарики керамикӣ - 50-60% истифодаи об ва хокаро дар шустушӯи либос кам мекунад, ё ки истеҳсоли электрокомбайн-компютер, телевизор, компакт диск, факс ва амсоли инҳо ҳам қувваи корӣ, ҳам вақт ва ҳам вақтро сарфа мекунад.
Аз ин хотир принсипи истеҳсоли мо тоҷикон низ бояд ба истеъмолкунандаи имрӯза равона карда шуда бошад, яъне омӯзиши хоси «маркетинг» яке аз функцияҳои асосии менеҷменти корхона мебошад. Инчунин, ҷараёни иҷрои он функцияи идоракунӣ ва навовариро талаб намуда, такмил, банақшагирӣ, дар амал ҷорӣ намудан, назорат ва навоварии вазифаҳои маркетингии роҳбари корхона мебошад. Профессори америқоӣ У. Холистин менависад: «Роҳбаре, ки вазифаи худро фақат дар истеҳсолот мебинад, иштибоҳи бузург мекунад». Омӯзиши талабот ва таклифот инкишофи тиҷорат ва унсурҳои он қисми таркибии фаъолияти менеҷер мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор