Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Болоравии иқтисодӣ асоси таъмини аҳолӣ бо кори муносиб ва зиндагии осуда мебошад. Чунин болоравиро метавон ба воситаи пеш гирифтани сиёсати макроиқтисодии босамара, реструклизатсияи муассисаҳо, рушди бахши хусусӣ, кишоварзӣ, нерӯи барқ, нақлиёт, маориф, телекоммуникатсия ва ғайра ба даст овард.
Яке аз афзалиятҳои Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ин захираҳои бои обӣ, шароити мусоиди табиӣ барои парвариши растаниҳо ва чорводорӣ мебошад.
Аз тарафи ҳукумати мамлакат як қатор қонуну қарорҳо ва санадҳо оид ба танзими бозори меҳнат ва барномаҳои иҷтимоӣ пешкаш гашта, бекорӣ 35-40% муайян карда шудааст, аммо бояд як нуқтаро дар назар дошт, ки ислоҳоти иқтисодӣ роҳе мебошад, ки ҳаракати дутарафа дорад ва он қарору қонунҳое, ки аз боло қабул карда мешаванд, бояд аз поён низ дастгирӣ ёпад. Бинобар ин, дар ноҳияҳо, хоҷагиҳо, маҳалҳо мо бояд механизми он қонун ва қарорҳоеро, ки дар боло қабул карда мешаванд, таъмин созем. Дар он ҳолат ислоҳоти аграрӣ натиҷаи самаранок дода метавонад.
Агар ба сохтори менеҷмент назар афканем, корхонаҳои ғайридавлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои иҷоравию саҳҳомӣ қариб дар ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ дида мешаванд. Ҳарчанд имрӯз нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба нархи молҳои саноатӣ хеле паст мебошад, таҷрибаи давлатҳои пешқадами тибқи иқтисоди бозорӣ пешраванда, аз қабили ИМА, Олмон, Ҷопон нишон медиҳад, ки давлат барои кӯмаку дастгирии соҳибкорӣ дар бахши кишоварзӣ ба як фермер ҳар сол аз 10 то 25 ҳазор доллари ИМА маблағҳои бебозгашт медиҳад ё худ дар 20% заминҳое, ки моликияти давлатӣ мебошанд, корҳои илмию тадқиқотӣ, тухмипарварӣ, истифодаи технологияи нав гузаронида мешавад. Баъди аз санҷиши техникӣ гузаштан, соҳибкорони бахши кишоварзӣ бо технологияи нав, зоти чорвои нав ва тухмии баландҳосил бо нархи имтиёзнок таъмин карда мешаванд. Дар ин мамлакатҳо маблағгузорӣ дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аксар маврид аз тарафи давлат ташкил карда мешавад, ки барои пурра ва беталаф коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ кӯмаки калон мерасонад.
Мутаассифона, ин равияи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол мавқеи худро пайдо накардааст. Рушди соҳибкорӣ бевосита аз кӯмаку дастгирии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор