Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Қобилияти боваркунонӣ - дар реклама унсурҳое ҷойгир намоед, ки оид ба сифати маҳсулот ва дараҷаи баланди хизматрасонӣ харидор боварӣ ҳосил намояд.

  2. Харидорро ба фаъолият водор созед. Ҳавасманд ва мутаваҷҷеҳ кардани харидор, яъне чунин унсурҳоеро реклама намоед, ки харидор ба сӯи Шумо шитоб кунад. Омилҳои вақтиро ҳамчун унсури асосии реклама истифода баред.

  3. Қонунӣ будани реклама. Дар аксари мамолики дунё қонунҳои махсуси рекламавӣ вуҷуд доранд. Мисол фақат дар Англия 150 қонун ва қоидаҳои ҳимояи ахборӣ вуҷуд дорад.

  4. Фоиданокиро таъмин намудан. Албатта, барои реклама хароҷотҳои зиёд карда мешавад, ки даромад аз хароҷот бояд баланд бошанд.

Агар хоҳед, ки рекламаро хеле васеъ барои мақсадҳои глобалӣ истифода намоед, хуб мебуд, ки мутахассисони ин бахшро даъват мекардед. Маълум аст, ки мутахассисони касбӣ корро хеле хуб ва бо хароҷоти камтарин иҷро менамоянд. Агентҳои рекламавӣ ҳарчанд, ки маблағи муайянеро барои ҳаққи хизмати хеш мегиранд, ин хароҷотҳоро бо донишҳои касбӣ ва эҷодкориҳои худ чандинқарата рӯйпӯш менамоянд. Ин чунин маъно дорад, ки қариб бепул хизматҳои агентони рекламавиро истифода менамоед. Дар ҳолате, ки талабот яку якбора баъди реклама меафзояд, бояд тамоми захираҳои иловагӣ яъне зиёд кардани агентҳои хизматрасонии тиҷоратӣ ва ҳаҷми захираҳои молу ашё мувофиқи талабот ва нашри дастурамал ва китобҳои заруриро барои маълумоти иловагӣ додан ба харидорон сафарбар намоед, ки ба боварии мардум сазовор шавад.

Агар ҳолатҳоеро мушоҳида кардед, ки ба саволҳои мизоҷон ҷавоб дода наметавонед, ба реклама назар афканед, шояд ҳамон қисме, ки аз ӯҳдааш намебароед кам мекунед ё иловагӣ дигаронро ҷалб менамоед.

Интихоби шакли реклама низ моҳияти калон дорад. Хуб мебуд, ки агар аз воситаҳои хотиротидошта бештар истифода менамудед, мисол, аз чопӣ газетаю журналҳо. Дар ин ҳолат диққати асосиро ба интихоби газетаю журнал додан шарти зарурӣ мебошад. Хуб мебуд, ки аз он газетаю журналҳоеро истифода намоед, ки дар байни мардум обрӯю эътибори калон доранд.

пешина
аз 522
навбатӣ