Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Баъд аз он, ки ҳамаи омилҳои дар боло қайдшударо ба инобат гирифтед ва омӯхтед, аллакай мақоми харидорро шинохта мегиред ва барои ба даст овардани он бояд нишонагирӣ намоед. Бо мақсади он, ки мабодо хато накардан ҷараёни ҷамъоварии маълумот оиди харидор бояд доимӣ буда, онҳоро гурӯҳбандӣ намоед ва сурати ӯро бе ягон камбудӣ, яъне синну сол, ҷинсият, даромад, шакли фаъолият, суроға ва маҳалли зист, миқдори фарзандон ва ғайра совед. Муайян намоед, ки ба кадом нишонаҳои харидор хеш бояд диққат диҳед.
Мисол, агар барои чашм айнак истеҳсол намоед, унсури асосӣ синну сол ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин бояд муайян созед, ки молатонро бисёртар харидорони кадом синну сол ва кадом ҷинс харидорӣ менамоянд, онҳо дар кадом минтақа зиндагӣ доранд, кадом хислати харидориро доранд, яъне доимӣ, дар 6 моҳ - 1 сол як маротиба ё дар даҳсолаҳо 1 ё 2 маротиба ва барои харидории молатон чӣ қадар маблағ сарф менамоянд. Барои аниқ кардани ин ахборҳо аз сарчашмаҳои зерин истифода мебаранд.
-
Ҳисоботҳои кории ташкилот, ҳуҷҷатгузориҳои ҳаҷми фурӯши мол, рӯйхат ва омори фурӯши молҳо.
-
Бевосита шинос шудан бо харидорон ва гузаронидани санҷишҳои сотсиологии харидорони доимӣ.
-
Алоқамандии баръакси мизоҷон бо роҳи ИБ ва дигар ВАО
-
Реестрҳои давлатӣ — ҳар гуна ахбороти ҳукуматҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ.
-
Дигар сарчашмаҳои ахборӣ.
Дар баробари омӯзиши сарчашмаҳо ва сегментатсияи маркетингии муайян намоед, ки барои пайдо кардани харидори нав бароятон боз кадом нишондиҳандаҳо кӯмак расонида метавонад, яъне бояд омӯзед, ки барои чӣ харидор маҳз моли Шуморо харидорӣ мекунад. Мақсади харидор бояд ба хоҳиши истеъмолӣ мувофиқат намояд. Ин нуқтаи мақсаднокии истеъмол номида мешавад ва барои фурӯши бомуваффақияти мол бояд ҳамин нуқтаро ёфта тавонед. Шояд баъзан хаёл намоед, ки ташкилот чандин сол боз вуҷуд дораду харидор хоҳу нохоҳ молатонро интихоб менамоянд. Ин хато мебошад. Дар асл нуқтаи назари харидор дигар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор