Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
наменамояд. Аз тарафи дигар, нархи мувофиқи табъи истеъмолкунанда на ҳама вақт нархи арзон аст. Аксар маврид харидор дар асоси нарх сифати мол баҳо медиҳад, яъне моли арзонро сифаташ паст пиндошта харидорӣ намекунад.
-
Ҷой ва тарзи фурӯши мол — ин як пуле ҳаст, ки фурӯшанда бо харидор мепайвандад ва барои баъзе шакли соҳибкорӣ ва хизматҳо нақши хеле калон дорад. Ҳар қадар фурӯшанда ба истеъмолкунанда наздик бошад, ҳамон қадар имкони фурӯши мол баландтар мебошад. Тарзи фурӯш низ унсури махсуси маркетингӣ буда, барои гирифтани фоида мақоми махсус дорад. Солҳои охир шакли куллии тиҷорат ин гуна мебошад, ки ба хона оварда расонидани мол дар муҳлати камтарин, яъне молҳои рӯзгор дар давоми максимум 24 соат, воситаҳои истеҳсолӣ дар давоми як моҳ, аз ҷузъи он аст.
-
Тарзи пешниҳоди мол — ҳама гуна моли хушсифат ва зарурӣ ҳам ташвиқоту реклама ва презентатсияро талаб мекунад. Бар аксарияти молҳо реклама мақоми хоса дорад, чунки хислати хоси харидор боваркунонӣ мебошад. Боваркунонӣ ба ғайр аз шунидан бо роҳи дидан мақоми хоса дошта, унсурҳоеро талаб мекунад, ки ба психологияи харидор таъсир менамояд.
Нишонагирии стратегияи нархи молҳо унсури арзандаи маркетинги бузург, таййирёбии вай он қадар мушкил набошад ҳам, лекин моҳиятан хеле муҳим аст.
Мисол, каме паст кардани нарх, ин мақсади хеле зиёд кардани ҳаҷми фурӯш дорад, яъне аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми фурӯши мол ҳамон андоза пастшудаи нархи молатонро рӯйпӯш менамоед. Дар бозори соҳибкорӣ барои нарху арзиши аслии мол на он қадар вобастагии қатъӣ вуҷуд дорад. Мол дар бозор нав аст ва дар асоси эҷодкориҳои баланди ихтироотӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар ин сурат нақши асосиро на арзиши аслӣ, балки арзиши ихтироотӣ ворид мебозад, ки аз арзиши аслии он хеле баланд мебошад.
Барои аниқ намудани концепсияи маркетингии нархи мол, таҳлили ахборот,
нархи моли рақибонро аз назар гузаронида, муайян намоед, ки онҳо кадом
стратегияро пеш гирифтанд, ки пешво гаштанд. Инчунин ҳолати таййпресатсия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор