Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

31.1. Таъмини самаранокии фаъолияти роҳбарӣ

Барои таъмин намудани самаранокии фаъолияти роҳбарӣ ҳар як менеҷерро лозим аст, ки қарори худро пурра, ё қисман татбиқ намояд ва самараи онро бубинад.

Санъати роҳбарӣ усулҳоеро пешниҳод менамоянд, ки барои самаранокии қабули қарор кӯмак мерасонанд. Яке аз ин усулҳо тарзи баёни қарор, аниқ будан ва боварикунонии иҷрокунандагон мебошад.

Аслан иҷрои ин усул се давраро фаро мегирад:

Давраи якум - шумо фикратонро кӯтоҳ ва аниқ баён менамоед, ки итоаткунанда, ё роҳбари шумо онро маъқул дониста, мепазирад.

Давраи дуввум - шумо як ё ду тарзи алтернативии иҷроиши масоилро пешниҳод менамоед ва якбора усули мақбули худро қайд менамоед.

Давраи сеюм - аллакай тарафи дигар, ё шунавандаи шумо худ ба масоили гузошташуда шинос буда, маҷбур мешавад, ки ризо шавад.

Усули дигари баландбардории фаъолияти роҳбарӣ аз омилҳои беруна нигоҳ доштани қарори Шумо бо роҳи истифода аз худи он омилҳо аст. Аксар мавридҳо менеҷерон қароре қабул менамоянд, ки фаъолияти оқилонаи онҳо ва вазифаҳои оҷилиро дар бар мегиранд. Ин пеш аз ҳама мӯҳлати иҷрои кор, тағйир додани технологияи истеҳсолот, масъалаи кадрҳо ва ғайра иборат аст.

Ҳамагуна коркарди эҷодии бузург ба қабули қарори стратегӣ эҳтиёт дошта, дигаргунӣ, ё худ ислоҳотро дар ин ё он бахши фаъолияти одамон ворид месозад ва ба рақобат ва қувваҳои гуногуни муқобил рӯбарӯ мегардад. Зиддият на танҳо аз тарафи кормандони оддӣ, балки аз тарафи роҳбарони зинаҳои баланди идоракунӣ низ дида мешаванд.

Боваркунонии рақибон доимо ба ҳар яке аз мо муяссар намегардад. Ба ин хотир баъзе мавридҳо зарур аст, ки қарорҳои ғайристандартӣ қабул намоем, ё худ роҳи дигари иловагиро пеша кунем. Асосан ин усул дар илм бо номи «усули Штирлитс», қаҳрамони асосии филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» машҳур мебошад.

Талаби иҷрои нақшаи худро аз тарафи роҳбарони болоӣ, бо лаҳзаҳои гуфтугӯи Штирлитс бо роҳбари суст ва боақли ӯ Шелленберг муқоиса кардан мумкин аст. Мазмуни ин усул чунин аст, ки дар лаҳзаҳои муҳокимаи масъала

пешина
аз 522
навбатӣ