Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

39.2. Стратегияи маркетинги роҳбарии фурӯши мол

Стратегияи маркетинги роҳбарӣ қисми таркибии соҳибкории ташкилот ба ҳисоб рафта, барои баландбардории сифати мол, таъмини талаботу таклифоти бозор ва фоида моҳияти калон дорад. Барои он ки имконотҳои дар боло қайдшударо ба даст биорем, бояд ба талаботи истеъмолкунанда нишонагирӣ дошта бошем.

Аслан, фалсафаи маркетингӣ ин аст: «Истеҳсоли мол, ки ба фурӯш меравад, на ин ки фурӯши мол, ки истеҳсол карда шудааст». Дар амал ташкилотҳое ҳам дида мешаванд, ки ба ҳаракати фурӯши моли истеҳсолиашон андармон буда, аз истеҳсолот дар канор ва қафо мемонанд. Ташкилотҳое, ки ба харидорон нишонагирӣ намуда, мол истеҳсол менамоянд, баръакс бо суръати хеле баланд пеш рафта, доимо комёбанд ва аз ҳолати нобовариҳо баромадаанд.

Барои он ки харидор молатонро интихоб намояд, бояд тамоми равандҳои маркетингӣ коркард ва мавриди омӯзиш қарор дода шаванд.

Омӯзиши талаботи истеъмолкунанда аз якчанд зинаҳо иборат мебошанд:

  1. Омӯзиш ва тадқиқоти хоҳиши истеъмолкунанда вобаста ба урфу одат, анъанаҳо ва тарзи зиндагии миллӣ.
  2. Ташкили истеҳсоли моли нав, хизматрасоние, ки ба талаботи бозор ҷавобгӯй аст.
  3. Истеъмолкунандаи навро ба моли нав мутобиқ кунонидан ташкили рекламаю ташвиқот ва презентатсияи моли нав.
  4. Зинаи пайдо шудани хоҳиши харидории мизоҷон ва истеҳсоли бевоситаи мол.
  5. Зинаи таъмини қаноатмандии харидор ва пайдоиши хоҳишу дархостҳои нав.

Вобаста аз стратегияи маркетинги роҳбарии ташкилот онҳоро метавонем ба 3 гурӯҳ ҷудо намоем:

  1. Пешвоён — Ташкилотҳое, ки асоси фаъолияташонро эҷодкорӣ ва ихтироот ташкил дода, моҳияти маркетингро дар зинаи аввал мегузоранд.
пешина
аз 522
навбатӣ