Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Воситаюи гардони ташкилот ин активҳои кӯтоҳмуддате мебошанд, ки давоми 12 моҳ нақд мавҷуданд. Ин воситаҳо нишон медиҳанд, ки ташкилот чӣ андоза воситаҳои нақд ва қобилияти инкишофи соҳибкорӣ дорад.
Активҳои гардонро ба се гурӯҳи калон ҷудо мекунанд.

  1. Захираҳо (ашёи хом, материалҳо, истеҳсолоти нотамом).

  2. Дебиторон (одамон, молҳои харидашуда ва воситаҳои дар ҳисоб буда).

  3. Дигар воситаҳо (авансҳо, пули нақди корхона, маблағҳои қарзӣ).

Захираҳо ба се қисм ҷудо карда мешаванд: ашё, истеҳсолоти нотамом, молҳои тайёри ба фурӯш нарафта.

Дар қисмати аввалӣ барои менеҷер донистани потенциали зарурии активҳо, активҳои зарурие, ки тез ба фурӯш мераванд, муҳим аст. Ин захираҳо на аз рӯи арзиши истеҳсолиашон ё аз рӯи як ҳиссаи арзиши фурӯшашон баҳо дода мешаванд. Арзиши истеҳсолӣ маблағи хариди ашё ва хароҷотҳои истеҳсолӣ мебошад.

Қисмати дуввуми фаъолияти менеҷер ҳар чӣ бештар тезонидани суръати ҳаракати воситаҳои гардон ва аз байн бурдани захираҳои кӯҳнашуда мебошад.

Қисмати сеюми фаъолияти менеҷерон кор бо шахсони қарздор мебошад.
Дар ин ҷо ҷамъи маблағҳое, ки молҳо ба кредит дода шудаанд ва маблағҳое, ки аллакай баргардонида шудаанд, бояд муайян карда шаванд. Қарздорон қисми асосии активҳои гардони ташкилот ба ҳисоб мераванд ва барои доимо нигоҳ доштани соҳибкории фаъол назоратро оиди боварӣ доштан ба мизоҷони қарздор пурзӯр карда, саривақт қарори зарурӣ бароварданро фаромӯш нанамоед.

Қисмати чоруми фаъолияти менеҷер ин идоракунии дигар воситаҳои гардон, аз ҷумлаи ҳар гуна кӯмакпулиҳои қарзӣ ба кормандон, пардохтҳои авансӣ, суғурта, баргардонидани андоз, депозитҳои счетҳо мебошад, ки дар давоми сол бояд ташкилот баргардонида бигирад.

Қисмати панҷуми фаъолияти менеҷер оид ба воситаҳои гардон идоракунии маблағҳои пулии нақди ташкилот мебошад, ки дар бонк ва кассаи корхона ва ссагаҳои он мавҷуданд.

Фаъолияти менеҷерони бахши баҳисобгириро аз рӯи фаъолияти иҷрои
саривақтии «ӯҳдадориҳо» баҳо медиҳанд. Аслан ӯҳдадориҳои ҷорӣ додани

пешина
аз 522
навбатӣ