Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

фаҳмонда метавонад, ки ба аксарият фаҳмо мегардад. Суханвари касбӣ эҳсос менамояд, ки шунаванда сухани ӯро қабул кард ё не? Роҳбар аслан бо тариқи суҳбат бо шунаванда бояд сухан гӯяд, яъне яке аз раванди психологии суханварон он аст, ки онҳо якбора санъати суханварӣ, шунида тавонистан, дарк кардан ва диққат додан ба луқмапартоии шунавандаро доро мебошанд.

Мақоми асосӣ дар суханварӣ қобилияти аз байн бурдани монеаҳои психологӣ, тарсу ваҳм, аз эҳсосот дур будан, хулоса фазои озоди суҳбат ташкил кардан мебошад. Асоси ин усулро — усули гипноз ташкил мекунад, ки аслан дар Аврупо ва Шарқ маъмул аст ва бисёртар табибон ва актёрон онро истифода мекунанд. Касе, ки ҳунари гипнозро дорад, вай доимо дар суҳбат бартарӣ дошта, ба шунаванда таъсири худро мерасонад.

Нишондиҳандаи муҳими санъати суханварӣ ин захираи калимаҳое, ки ҳар як шахс бо худ дорад, яъне дар ин ҷода низ роҳбари донишманд, ки аз илмҳои зиёд бохабар мебошад, қобилияти баланди суханвариро дорад.

Нишондиҳандаи дигари санъати суханварӣ дар сатҳи баланд донистани забон мебошад ва пеш аз ҳама забони модарии хеш. Истифода аз нозукиҳо ва зебогии забон ба қобилияти ҳар як роҳбар вобастагӣ дорад.

Маданияти сухан гуфта, талаффуз, овоз, ғановати луғавӣ, мантиқи сухан, дурустии грамматикӣ ва маданияти ишораю имоҳоро меноманд, ки гӯянда онҳоро бомаврид истифода мебарад. Агар бигӯем, ки волотарин атои табиат ба инсон сухан аст, хато нахоҳем кард ва сухани инсон қавитарин аслиҳа аст ва беҳуда нагуфтаанд:

Дар булӯрин садафи чархи кӯҳан,
Нест вологуҳаре беҳ зи сухан.

Шахси соҳибсухан тибқи нутқи худ ҳамеша метавонад сомеъонро идора
ва ба худ ҷалб намояд. Аммо, афсӯс, дар замони Шӯравӣ солҳои тӯлонӣ ин
қоидаи роҳбарӣ тамоман фаромӯш шуда буд ва қисме аз онҳо то имрӯз дар
Тоҷикистон давом дорад, яъне аксар мавридҳо мо ҳатто дар телевизионҳо
нотиқонро бо нуқсони сухан вомехӯрем. Роҳбарони вазорату ташкилотҳоро
мебинем, ки на танҳо ҳусни сухан надоранд, балки ба забони модарии худ ду
ҷумла бе варақ гуфта наметавонанд, ё ин ки дар суханронии онҳо на танҳо
қоидаҳои умумӣ, балки талаботҳои оддии этикию грамматикӣ риоя карда

пешина
аз 522
навбатӣ