Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Баланс гуфта ҳамаи он воситаҳоеро меноманд, ки ба ташкилот бо тарҳи он, ки вай қарздор аст, тааллуқ доранд. Аз тарафи дигар баланс доир ба ҳолати фаъолияти имрӯзаи ташкилот шаҳодат медиҳад.

Баланси бухгалтерӣ ҳамасола дар вақти муайян тартиб дода мешавад, ғайр аз ин ҳар як ташкилот боз дар вақти муайян, яъне мавсимӣ тартиб додани баланси мудро дорад.

Мафҳуми баланс бояд ба саволҳои зерин ҷавобгӯй бошад:

  1. Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ба мақсад ва миссияи ташкилот мувофиқат менамояд?
  2. Натиҷаи баланс чӣ гуна метавонад тағйир ёбад, агар мо давраи дигарро ҷамъбаст намоем?
  3. Оё тағйироти куллии молиявӣ дар нишондиҳандаҳои бисёрсолаи баланс дида мешавад?
  4. Оё активҳо дар баланс дуруст баҳо дода шудаанд?
  5. Мо кадом имконот ва захираҳоро дорем, ки ҳанӯз истифода нашудааст, ё кам истифода шудааст?

Дар баланс факту рақамҳо аз рӯи равандҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд, яъне:
Қисми аввал активҳо — ин воситаҳои асосӣ ва гардон.
Қисми дуюм — ӯҳдадориҳо (дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуддат).
Қисми сеюм — фондҳои аксионарӣ, ё худ воситаҳои сармоявӣ.

Бояд қайд кард, ки тамоми воситаҳои ба баланс воридшаванда аз рӯи қоидаи таърихӣ, яъне бо арзиши аввалашон дохил карда мешаванд. Ҷамъи баланс низ арзише мебошад, ки аз рӯи хароҷотҳо муайян карда шудааст. Ин арзиш нархи бозории ташкилотро инъикос наменамояд.

Воситаҳои асосӣ, ё худ активҳоро дар се шакл гурӯҳбандӣ менамоянд:

  1. Масолеҳ ва таҷҳизотҳо.
  2. Техника ва биноҳо.
  3. Сармоя.

Воситаҳое, ки барои фаъолияти ташкилот зарур мебошанд, номбар карда
мешаванд ва мӯҳлати хизмати онҳо аз 12 моҳ зиёд мебошад. Хароҷотҳое, ки

пешина
аз 522
навбатӣ