Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
фарқиятҳои каму беш диққати ҷиддӣ надиҳед. Ҳолатҳоеро дидан мумкин аст, ки тағйиротҳо ба фаъолияти кормандон вобастагие надорад. Мисол, доимо афзоиш ёфтани нархи ашё ва материалҳо боиси афзоиши хароҷот барои харидани он мегардад. Дар чунин як ҳолат метавонед варианти алтернативиеро пешниҳод намоед, ки ба суръати ҳаракат, ё худ норасогии маблағҳои пулӣ монеа нашавад.
Инчунин, фикри кам кардани хароҷотҳои ғайриистеҳсолиро андешида, ҷои хароҷоти иловагиро пур кунед.
Яке аз роҳҳои ҳалли тағйиротҳои фаврии ба вуҷудоянда ин қабул кардани тағйиротҳо ҳамчун як ҳодисаи муқаррарӣ ҳисобида, доимо худро ба он омода сохтан мебошад. Дар вақти банақшагирии буҷа ин фарқиятро то ±10-15% дар назар дошта бошед. Ҳаракат намоед, ки фарқиятҳо низ идорашаванда бошанд.
Усулҳои пешгуйҳои фарқиятҳоро истифода намуда, онҳоро пешакӣ бо раванду миқдорӣ муайян созед.
Масоили дигари муҳиме, ки дар вақти истифодаи буҷа ва тағйиротҳо пеши назар меоянд, ин идоракунии кормандон ва боваркунонии онҳо ба тағйиротҳо мебошад.
Муваффақияти буҷагузорӣ пеш аз ҳама аз он вобастагӣ дорад, ки кадом кормандон дар давраҳои муайяни амалигардии буҷа кору фаъолият доранд, чунки омили инсонӣ дар ташаккул ва истифодаи буҷа мақоми асосиро мебозад.
Мотивацияи кормандон дар буҷа пеш аз ҳама бояд дарҷ гардида бошад, вагарна буҷа ҳеҷ гоҳ самаранок намегардад. Бинобар ин, аз нав дида баромадани буҷа бе назардошти ҳавасмандии кормандон мувофиқи матлаб нест.
Ҳамчунин бо дарназардошти зиёдшавии хароҷотҳо, барои кам кардани хароҷотҳои омӯзиши кормандон, сафарҳои такмили ихтисос агар даст занед, он гоҳ ин ба самаранокии буҷа таъсири манфӣ мерасонад.
Системаи идоракунии кормандонро вобаста ба хислатҳои хоси онҳо ва кӯшишу ғайрат, қобилияту хоҳишашон мувофиқа намоед. Буҷагузориро ҳамчун элементҳои самараноки идоракунии назорат ва банақшагирии фаъолияти одамон истифода карда, ба муваффақиятҳои калон ноил мегардад. Агар ин қоида истифода карда шавад, кормандон метавонанд чунин рафтори мусбӣ дошта бошанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор