Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

онҳо аллакай қисми таркибии нақшаи стратегӣ буда, ба беҳтаршавии ҳолатҳо бечунучаро хизмат намоянд.

Мақсади асосии дигаргунии нақшаи стратегӣ беҳтар кардани самаранокии дарозмуддат буда, барои дуруст ва муҳим будани чунин тағйиротҳо якчанд ҳафтаҳо зарур мебошанд, ки чуқур омӯхта шавад. Барои ҳар як лоиҳаи мақсадноки стратегӣ нақшаи амалигардонӣ тартиб дода, вақти иҷрои онро қатман бояд нишон диҳем ва ҳар тағйиротро низ дар нақшаҳои ҷорӣ ворид кардан зарур мебошад.

Дар нақшаи амалигардонӣ барои мо боз зарур мебошад, ки мақсад ва мӯҳлатро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муайян созем:

  1. Ҳолату дараҷаи истифодаи имконотҳо.
  2. Манфиатҳо ҳам дар шакли сифатӣ ва ҳам дар шакли миқдорӣ.
  3. Воқей будани мақсадҳо.
  4. Баинобатгирии талаботи мизоҷон.
  5. Нишонагирӣ ба вақт.

Дар баробари тағйиротҳои нави мақсадҳои стратегӣ боз озмоишҳо ва имконотҳои нав пайдо мегарданд. Дар мавриди стратегияи навро қабул намудани даста, аксари аъзоён ҳаракат менамоянд, ки худро ба он мувофиқа намуда, фаъолият намоянд. Маҳз ҳамин ҳолатро истифода карда, менеҷер — пешво бояд тақсимоти вазифа ва ӯҳдадориҳоро як маротибаи дигар дида баромада супориш диҳад.

Дар ҳолати пайдо гаштани мақсадҳои фаврие, ки метавонанд, манфиати бештар биёранд, имкониятро аз даст надода, онро истифода бурдан зарур мебошад.

Масоили охирин аз нав дида баромадани система, додани мукофотҳо мебошад. Дар мавриди тағйир додани мақсад ва нақша дар системаи мукофотдиҳӣ низ тағйирот даровардан зарур мебошад, то ки талаботи онҳо пурра қонеъ гардонида шаванд.

пешина
аз 522
навбатӣ