Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Барои муайян кардани маҳдудиятҳо ва имконотҳо менеҷер-пешво чунин фаъолиятҳоро бояд иҷро намояд:
- Ба натиҷаҳои таҳлил боз як бори дигар назар афканед.
- Аниқ созед, ки кадом намуди мол истеҳсол менамоед ва мефурӯшед?
- Муайян намоед, ки харидорон — мизоҷон киҳоянд.
- Аниқ созед, ки аз истеҳсоли кадом мол даст мекашед.
- Ба кадом мизоҷон, аллакай хизмат намерасонед.
- Ҳудудҳо ва марзҳои соҳибкориро муайян намуда, онро риоя намоед.
- Доимо дастгирии дастаро нигоҳ дошта, меъёрҳо ва маҳдудиятҳои муайянкардаро нигоҳ доред.
Бояд қайд кард, ки тақсимоти захираҳо ва вақт аз равандҳои стратегияи дурнамо вобастагӣ дорад. Ҳар қадар ки равандҳои асосиро дуруст муайян созед, ҳамон қадар тезтару самараноктар захираҳо ҷо ба ҷо шуда истифода бурда мешаванд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар баъзе ташкилотҳо мизоҷонро низ ба гурӯҳҳо ҷудо менамоянд, то ки шаклу тарзи хизматрасониро вобаста ба он мувофиқа намоянд.
Мизоҷонро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст:
- Аз рӯи намуди молҳое, ки онҳо харидорӣ менамоянд.
- Вобаста аз миқдори мол ва вақти харидории мол.
- Вобаста аз тарзи ҳисоббаробаркунӣ.
- Вобаста аз мавқеи ҷойгиршавии мизоҷон.
- Вобаста аз дигар бартариятҳои харидор.
Ҳангоме ки ба истеҳсоли моли нав шурӯъ кардед, тарзу усулу муомила ба мизоҷон низ дигаргун мешавад, яъне фаъолияти маркетингӣ бояд тағйир ёбад.
Масалан, то ин дам оид ба нархи паст ва ё сифат ташвиқот мебурдед, ҳоло бошад оид ба манфиатнокии молатонро бо дигар нишонаҳо, яъне ҳаловат бурдан аз он, дарозмуддатӣ, истифодабарӣ, кафолати сифати баландро бояд реклама

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо