Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- Дар вақти тартиб додани нақша ҳолатҳои тағйирёбандаро низ ба инобат гиред.
- Дар вақти тартиб додани буҷаи нақша аз меҳнати мутахассисон истифода намоед.
- Шӯъбаи иқтисодӣ ҳама хароҷотҳоро бояд пурра муайян карда пешниҳод намоед.
- Чандирияти нақшаро доимо нигоҳ доред.
Инчунин, бояд қайд кард, ки ҳангоми амалӣ гардонидани нақша ором набошед ва вобаста ба ҳолатҳо қарори стратегиятонро метавонед тағйир диҳед, дар ҳар як давра илова ва тағйиротҳо ворид созед.
Ҷараёни банақшагирии стратегиро ба анҷом расонида, рӯйхати нишондиҳандаҳои асосии стратегияи дурнамои навро тартиб дода, ҳамчун дастурамал ба ҳамаи аъзоёни даста тақсим карда диҳед.
Ҳар як раванди соҳибкорӣ мақсадҳои аниқи худро доранд. Бинобар ин, низ бояд аниқ донед, ки даста бо кадом мақсад кору фаъолият дорад. Доимо аз иҷрои мақсад дур набошед, инчунин мақсадро бо мақсади ташкилот мувофиқа намоед.
Агар роҳбарият Шуморо вазифадор намояд, ки бо таҳияи нақшаи стратегӣ машғул шавед, он гоҳ аввал мақсадҳои асосиро бояд маълум намоянд, ки мо дар аввали мавзӯъ қайд намудаем. Мақсадҳо бояд хеле кӯтоҳ ва ба фаъолият нишонагирифташуда бошанд.
Асоси мақсадҳои дурнамоиро бартарӣ ва имконотҳое, ки даста нисбат ба дигар ташкилотҳо бештар доранд, ташкил медиҳанд. Он хулосабарориҳое, ки аллакай дар вақти таҳлили имконотҳои хеш ва рақибон намудаед, имкон медиҳад, ки аллакай бартариятҳои хешро муайян созед.
Доимо дар хотир дошта бошед, ки ҳар як давру замон талаботу қувваҳои инкишофи хешро дошта, доимо метавонанд, ки вазъиятро тағйир диҳанд, яъне агар дирӯз ғалаба карда бошед, шояд пагоҳ бохт насибатон гардад.
Барои пурра дилпур шудан ба бартариятҳои хеш ҳисоботҳои се давраи
таҳлилиро, ки пештар гуфтем, гирифта пурра омӯзед ва қайд намоед, ки дар
куҷо аз рақибон мегузаред, дар куҷо қафо мондаед ва ин бартариятҳо боз чӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо