Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар ҳолати дар миёни аъзоёни даста пайдо гаштани нофаҳмиҳо менеҷер бояд чунин корҳоро анҷом диҳад:

  1. Бо ҳар як шахси алоҳида сӯҳбат карда ба ӯ муфассал фаҳмонад.
  2. Сабабҳои асосии тағйирот ва натиҷаи онро пурра гуфта диҳад.
  3. Чӣ тавр тағйир ёфтани мақсад ва мӯҳлатро баъди тағйиротҳо пешакӣ гӯяд.
  4. Фикру ақидаҳои нави кормандонро ба инобат гирад.
  5. Ба гуфтаҳои дигар аъзоёни даста диққати махсус диҳад.

Ба даст овардани манфиати максималӣ давраи охирини лоиҳа ба ҳисоб меравад. Ҳамаи фаъолиятҳои ҷамъбастии лоиҳаро ба анҷом расонида, ба саволҳои зерин ҷавоб гардонидан лозим мебошад.

  1. Оё Шумо ҳамчун роҳбари лоиҳа ба мақсадҳо расидаед ва аз натиҷаи он қаноатманд ҳастед, ё не?
  2. Оё мизоҷон аз беҳтаршавии хизматрасонӣ қаноатманданд?
  3. Ба ҳамаи аъзоёни даста барои иштироки хубашон дар лоиҳа миннатдорӣ намудед, ё не?
  4. Оё тамоми ақида ва қарорҳои нав дар ҳуҷҷатҳои лоиҳа қайд шудаанд?
  5. Амалигардонии лоиҳа боз чӣ гуна нақша ва ақидаҳои навро ба Шумо додааст.

Ҳисоботро пешакӣ дар гурӯҳ муҳокима карда барои аз чоп баровардани он маслиҳат намоед.

Аслан санъати менеҷмент чунин шакли оддии ҳисоботро талаб менамоянд:

  1. Нишондиҳандаҳои кори иҷрошуда 2. Истифодаи захираҳо.
  2. Тарафҳои манфию мусбии лоиҳа.
  3. Омилҳои ба дастовардҳо ноил шудан.
  4. Пешниҳодҳо.

Давраи охири санъати амалигардонии лоиҳаҳо таъмини мукофот ба
натиҷаи иҷрои лоиҳа ё худ нақшаи мақсаднок аст. Ин қисми лоиҳа натиҷагирӣ
ва қаноатмандӣ номида шуда, аз иҷрои ин вазифаи менеҷер маълум мегардад, ки
дар оянда ӯро кормандон чӣ хел дастгирӣ намуда, пешво интихоб менамоянд ва
камкориро давом медиҳанд. Эҳтимоляти он, ки «мукофотдиҳӣ» то чӣ андоза

пешина
аз 522
навбатӣ