Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ба ин хотир ҳамфикрӣ чун дараҷаи инкишофи рӯҳӣ, динию мазҳабӣ, анъанаҳо ва дигар рафторҳои инсонҳо дар сатҳи гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ, миллӣ, қабилавӣ ва маҳаллӣ дида мешаванд, аммо дар кадом ҳолатҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму қабилау маҳзабе абошанд, бояд донанд, ки худшиносӣ, ба тарбияи худ машғул будан, вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи мо мебошад.
Муайян кардани дараҷаи инкишофи ақлонии худ, пеш аз ҳама дар натиҷаи таҳлили амиқи рафтори хеш, хусусиятҳо ва дараҷаи ба мақсадрасӣ дар муқоиса бо арзишҳои баланди инсонӣ, виҷдон, яъне фарқ карда тавонистани «пастию баландӣ», «некию бадӣ» буда, аз тарафи дигар дар муқоиса бо рафтори хирадмандону бузургон маълум мегардад.
Худтарбиякунӣ — ин ҷараёни мақсадноки инкишофи беҳтарин ва боарзиштарини хислатҳои шахсиятҳо буда, аз рафтору кирдори ношоиста доимо дур будан мебошад.
Роҳи самараноки муайян кардани дараҷаи тарбияи худ, ҳангом барои меҳнати ҳалолатон ба мукофоту ифтихорномаҳо ва ордену медалҳо сарфароз гаштанатон маълум мегардад, ки рафтори Шумо рафтори арзандаи инсонӣ буда, қадршиносӣ мешавад.
Як нуқтаро бояд қайд кард, ки аксар маврид дар ҳаёт ба ҳолатҳое дучор мегардед, ки новобаста ба хоҳишу рафтори Шумо пайдо мешаванд, ки инро ноомади кор, нобоварӣ ва ё тақдиру қисмати хуб надоштани шахсҳо низ мегӯянд. Аммо шахсе, ки дониши амиқи воқеӣ ва қобилияти баланди дарк кардани ин ё он ҳодисаҳои ҳаётиро дорад, дар ҳама ҳолат худро идора карда метавонад ва аз гардиши номунтазами чархи ҳаёт дилхаста нашуда, роҳи асосиро пеш мегирад. Чунончи бузургон фармудаанд:
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи паҳнон саҳаре ҳаст.
Бинобар ин, баъзе шахсон дар зиндагӣ як усули худмаҷбурсозии боаклонан худро дорад. Истифодаи ин усул дар фаъолияти ҳаррӯзаи мо дида мешавад. Чунин шахсиятҳо басо нотакрор ва каманд ва онҳо ҳар гуна мушкилотро барои худ сабақе аз зиндагӣ медонанд, дилхаста намешаванд, дар симои онҳо рӯҳафтодагиро дидан амри маҳол аст. Онҳо боварӣ доранд, ки муваффақият ва ғолибият аз онҳост, танҳо гоҳо дар вақташ ва гоҳо дертар ба он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё