Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Мотивация.
-
Мониторинг.
-
Анҷоми лоиҳа.
Барои ҳаматарафа дастгирӣ ёфтани лоиҳа, масъалагузорӣ бояд тибқи эълони пешакӣ сурат гирад. Зарурати пешниҳоди лоиҳаҳо, тарзи молиягузорӣ ва дигар масъалаҳои гузошташавандаро асоснок намудан аз шартҳои зарурӣ маҳсуб мешаванд.
Баъди масъалагузорӣ давраи дуюм оғоз мешавад, ки иштироки шахсони манфиатдор ва иштироккунандагони лоиҳа банақшагирӣ намуда, вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштироккунандагонро муайян кардан лозим аст. Муваффақиятҳои амалигардонии лоиҳа аз кордонӣ ва қобилияти роҳбарии менеҷери лоиҳа вобаста буда, доимо ақидаи нав, донишмандӣ ва санъати волои роҳбариро талаб менамояд. Мотивацияи даставӣ бо истифодаи дурусти роҳбарӣ аъзоёнро бовар кунонад, ки лоиҳа бо мақсади нек пешниҳод шуда, баъдан иштироккунандагон низ фоидаи калон дорад. Илова бар ин, алоқаи баръаксро низ фаромӯш накарда, дар лоиҳа аз аввал то ба охир, аз болои фаъолият назорат бубаранд, чунки дар ҳама давраҳо ба миён омадани проблема аз эҳтимол дур нест.
Лаҳзаи ба иҷрои лоиҳа шурӯъ карданро муайян созед, ки даста чӣ хел ба иҷрои он тайёр мебошад. Ташкили мониторинг барои он зарур мебошад, ки мо саривақт аз уҳдаи ҳалли проблемаҳо бароем, то онҳо ба иҷрои лоиҳа халал нарасонанд. Барои он менеҷерро зарур мебошад, ки ҳар рӯз ҳисоботи оҷилиро оид ба иҷрои кор талаб намояд ва аққалан ҳафтае як маротиба маҷлиси умумӣ гузаронида, муваффақиятҳоро қайд намоянд. Ба фикру ақидаи иҷрокунандагон гӯш карда, аллакай масъалаҳоро мефаҳмонед, ислоҳ менамоед, агар зарур шавад нақшаро тағйир медиҳед.
Баъди як давраи корӣ гузаштан, зарур аст, ки натиҷаро ҷамъбаст намуда, иҷроиши саривақтии онро пешгӯӣ намоед, ки оё мӯҳлати иҷро дуруст муайян карда шудааст ва бояд боварӣ ҳосил намоед, ки Шумо аз иҷрои вазифаи ба ӯҳда гирифтаатон дар вақти муайяншуда мебароед. Барои дар мӯҳлати муайяншуда иҷро кардани кор ба дастовардҳо ҳаматарафа баҳо дода, ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо