Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фаъоли зиндагӣ мебошад. Маҳз талабот асоси рафтор мебошад. Ҷараёни пемайлони фаъолияти мақсадноки одамон ба шаклҳои гуногуни субъекти талабот мубаддал гашта, ҳамчун идеал ва мотив баромад мекунад. Мотиватсияи рафтори одамон хеле мураккаб мебошад, чунки инсон манфиат ва талаботҳои гуногун дорад.

Ҳавасмандӣ — ин як шакли мотив буда, вобаста аз моҳият ва манфиаташ ба одамон таъсир мерасонад.

Ҳамин тариқ, ҳавасмандӣ, мотив, нақша, мақсад ва вазифагузорӣ дар шуури одамон пайдо гашта, онҳо бо роҳи фаъолият бо олами беруна амалӣ мегарданд.

Хусусияти хоси фаъолияти одамон он аст ки бошуурона ва мақсаднок мебошад, яъне шуур унсури асосии тамоми фаъолияти одамон мебошад.

Фаъолияти одамон ҳамчун сарчашмаи муносибатҳои субъективӣ фаъолияти таҷрибавӣ, амалӣ (меҳнатӣ) ва назариявӣ татбиқ мешавад.

Фаъолияти аввалии одамон фаъолияти амалӣ мебошад ва баъд аз он фаъолияти назариявию зеҳнӣ шурӯъ мешавад, ки он низ боз ба фаъолияти амалӣ такон бахшида, дар давран ояндаи ҳаёт якҷоя шуда, шахсияти комилро ба вуҷуд меоранд. Дар ин ҳолат низ фаъолияти одамон хислати дутарафа дошта, мӯҳтавои аниқи омилҳои он хеле мушкил мебошад, чунки дар ин маврид низ ду сарчашма, сарчашмаи дохилии одамон — шуурнокӣ ва дараҷаи таъсири беруна, муҳите, ки мову шуморо иҳота намудааст ба ҳам бармехӯранд, яъне фаъолият ҳам хислати предметӣ (фардӣ) ва ҳам хислати иҷтимоӣ дошта, қобилияти ягонаи рӯҳию физиологии одамон мебошад.

Фаъолияти фарқкунандаи махсус, ки дар баъзе одамон дида мешавад, ин хусусияти хоси шахсони алоҳида буда, рефлекс, инстинкт ва актҳои импулсии дохиларо фаро мегирад, ки мавзӯи омӯзиши илмҳои дигар мебошад.

Аз тарафи дигар, алоқаи баръакси фаъолиятро ба инкишофи шуурнокии одамон бояд қайд кард, яъне одамон дар ҷараёни фаъолияти мақсадноки донишомӯзӣ, азхудкунии касб, меҳнати бомақсад метавонанд, ки дар як муҳлати муайяни вақт маълумотҳои зиёдеро соҳиб гашта, шуурнокии худро баланд бардоранд.

пешина
аз 522
навбатӣ