Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин дар ҳама ҳолат дониши назариявӣ аз ҳама зарур мебошад.

Ҳанӯз дар замони худ Афлотун қобилияти зеҳнии одамонро ба ду қисм: ҳиссиёт ва шуурнокӣ ҷудо карда қайд намуда буд, ки дараҷаи фаҳмиш ва ҳиссиёти одамон гуногун буда, ҳатто вобаста ба синну сол ва давраҳои гуногуни ҳаётӣ ҳар фард дорои қобилияти гуногун мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷой зарурӣ вати омӯзиши худи одам, ё худ шахсиятҳо мақоми махсус дошта, моро маҷбур месозад, ки дар инкишофи менеҷмент ва санъати идорӣ ба ин сарчашмаи бузург диққати махсус дода, ҳар як кормандро вобаста ба синну сол, дараҷа ва мавқеи шахсӣ ва инкишофи иҷтимоию рӯҳӣ пурра ва ҳаматарафа омӯхта, мақоми онро муайян сохта, баъдан мақсадгузорӣ намуда, ӯро ба вазифа ё коре сафарбар намоем. Худи чунин як вазифаи муҳим гувоҳи он мебошад, ки системаи омӯзиши хислати инсон хеле мураккаб буда, боз асрҳо ва меҳнати зиёдеро талаб менамояд.

Мутахассисони бахшҳои гуногун исбот намудаанд, ки ҷараёни фаҳмиш ва дониши одам, инчунин ҷараёни фаъолияти он, боз зинаи дигари фикрронӣ, яъне фикрронии байнишахсиро пайдо мекунад ва ин шоҳаи дигари омӯзиш буда, сухан дар бораи фикру ақидаи гурӯҳи калони одамон меравад, ки мо дар ҳаёти ҳаррӯза ҳамсӯҳбат мешавем, мебинем ва мешунавем. Дар ин ҷода ҳанӯз унсурҳои рӯякии муносибати одамон ба монанди боварӣ, боваркунонӣ, фаҳмиш ва якдигарфаҳмӣ, рафтори этикӣ омӯхта мешаваду халос.

Аз рӯи қоида предмети фаҳмишро ба 3 доира ҷудо мекунанд:

  1. Доираи табиӣ, ки новобаста аз хоҳиши одамон вуҷуд дорад.
  2. Олами маданӣ — иҷтимоӣ ва таърихӣ, яъне фаъолияти одамон.
  3. Олами дохилаи одамон, ки то имрӯз афсона мебошад: ҳиссиёт, тасаввур, эҳсосот ва завқ, ғамхорӣ.

Дар ҳақиқат, донистани ҳақиқати ҳоли олами дохилаи инсон хеле ва хеле мураккаб мебошад. Мутахассисон аксар маврид дар ҳолати тартиб додани системаи муҳофизати муҳити зист, ҳолатҳои таъсиррасонии вайроншавии муҳитро бо ҳолати рӯҳии одамон вобаста дониста дар навбати аввал мегузоранд, чунки ғамхорӣ, ё ҳолати ноҷури хоҳиш надоштан, пеш аз ҳама таъсири рӯҳӣ вобаста мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ