Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муҳити мо метавонад, ки ба инкишофи фикрронии одамон садди роҳ шавад ва ё баръакс инкишофи ҳаматарафаи онро таъмин созад.

Агар шахси донишманд дар миёни мардуми бесавод муҳлате умр ба сар барад ва дигар ахбори берунаро азбар насозад, метавонад қобилияти фикрронии худро гум карда, баробари дигар ҳамнишинони худ гардад. Ва баръакс, агар шахс дар миёни мардуми донишманд, ки доимо дар инкишофанду муҳити хуби ахлоқӣ ҳукмфармост, кор ва фаъолият намояд, он гоҳ қобилияти фикрронии ӯ баланд мегардад. Беҳуда мақоли тоҷик намегӯянд, ки «Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ».

Ҳар як шахс бояд донад, ки фикрронии ӯ дар кадом ҳолат қарор дорад.
Инсонҳо бояд худашон таҳлил намоянд, ки фикрронии онҳо дар ҷараёни инкишоф қарор дорад, ё дар ҳолати карахтӣ мебошад, яъне алоқаи баръакси фикрронӣ дар воҳиди вақт вуҷуд дошта бошад.

Бояд қайд кард, ки потенсиали захиравии фикрронии инсонҳо беохир буда, то имрӯз касе то охир инсониятро дарк карда натавонистааст. Аз ин хотир яке аз муаммои муҳиме, ки дар байни олимон — файласуфон ва дигар соҳаҳои илми одамшиносӣ вуҷуд дорад, ин ирсӣ будани фикрронӣ, пайдоиш, барқароршавӣ ва инкишофи он мебошад.

Дар таърихи фалсафа идеалистон исбот менамоянд, ки қобилияти фикрронӣ аз Худованд, қувваи кайҳонӣ ва рӯҳи бузургон вобаста мебошад ва ҳамчунин таъкид менамоянд, ки аз болои олам боз фикр, ё худ ақли кулл ва ҳақиқи Худованд вуҷуд дорад, ки сабабгори беохири захираи ақлонӣ мебошад.

Бо назардошти он ки фикр ва ҳастӣ категорияҳои якдигарро пурракунанда мебошанд, маълум мегардад, ки дар ҳаёти воқеӣ субъекти фикр одам буда, мазмунаш ҳанӯз масъалаи баҳснок мебошад, аммо қонуниятҳои инкишоф ва ташкилёбии он вобаста аз таърихи инкишофи ҷамъиятӣ омӯхташаванда мебошад, ки мо бояд сари ин масъала доимо андеша намоем.

Фикрронӣ оид ба предметҳо, моҳияти онҳо ва мафҳумҳо сурат мегирад,
кунон ки зиёда аз 2300 сол пеш файласуфи бузург Суқрот - устоди Афлотун
усули мантиқии фикррониро пешниҳод намуда, ӯро ҳамчун сифатҳои беҳтарини
инсонӣ номида буд. Дар омӯзиши Арасту фикрронӣ ҳамчун унсури мазмунӣ ва

пешина
аз 522
навбатӣ