Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Хизмат дар одам эҳсосоти муайянеро пайдо месозад, ки онро ҳолати эҳсосотӣ меноманд.
Ҳолати эҳсосотӣ унсурҳои зеринро ба худ дорад:
- ҳиссиёт;
- табъ;
- номуайянӣ.
Ҳолати эҳсосотии одамон метавонад фаъолияти онҳоро суръат ва самара бахшад, яъне шуурнокӣ фақат ҷараёни фаҳмиш ва эҳсосот набуда, инчунин иродаи мустаҳкамро низ тавлид месозад. Шуурнокӣ ҳамчун воситаи равонасозии фаъолияти одамон барои иҷрои мақсадҳои аниқ мебошад, ки дар санъати менеҷмент ҷои аввалро ишғол мекунад. Фаъолияти бошууронаи одамон, хотира, диққат, интихоб, ирода, ҳама ҳолати психологини корманд мебошад, ки бо воситаи забон зоҳир мегардад ва таҳлил низ аз ҳамин нуқта шурӯъ мешавад.
Маҳз ҳолати рӯҳӣ ва физиологии одам ҳангоми сухангунии ӯ эҳсос ва назорат карда мешавад ва фаъолияти менеҷмент дар ҳолатҳои гуногуни муқаррарӣ ва ғайримуқаррарӣ самаранокии онро бояд таъмин созад.
Фикрронӣ дар сухангӯӣ зоҳир мешавад. Бо воситаи сухан одамон метавонанд таассуроти худро оид ба воқеият тағйир дода, шакли нави ахбору дониш, манбаи хотира ва фикррониро пайдо созанд.
Аз дигар тараф шуурнокӣ ин «Модели олам дар мағзи инсон» мебошад.
Дар навбати худ, дигар узвҳои бадан низ функцияҳои шуурнокии худро доранд.
Ҳамин тариқ, бояд қайд кард, ки шуурнокӣ - дониш буда, дониш - инкишоф мебошад. Ҳар қадар ки инсон дониши худро қавитар созад, ҳамон қадар шуурнокии ӯ инкишофёфта мебошад, яъне, ҳар қадар ки шахс донишманду хирадманд бошад, ҳамон қадар шуурнокии ӯ баланду васеъ гашта, оламро хубтару бештар дарк менамояд.
Зинаи олии шуурнокии инсон — ин хулқиносӣ мебошад.
Барои баҳои ҳаматарафа ва пурра додани шуурнокии одам фақат
нишонаҳои функционалии он кифоя нестанд. Таҳлили рафтори одамон дар
ҳолатҳои гуногун, мақсад ва рафтори онҳо доир ба ҳолати рӯҳияшон маълумот
медиҳад. Гуфтан ҷоиз аст, ки шуурнокӣ ҳамчун унсури асосии рӯҳии одамон,
мақоми танзимкунандаи рафтори онҳо мебошад. Чунин рафтори махсуси ҳар як

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо