Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

доимо дар тағйироти босуръат будани муҳити иҷтимоӣ, биологӣ ва моддии
ҷисмҳо, ки ба одамон таъсир мерасонанд. Аз дигар тараф ин тағйироти
босуръати иҷтимоию маданӣ мебошад;

номуайянии мақсадҳои асосии субъектҳои инкишоф;

дар баробари тағйирёбии босуръат торафт мураккабшавии рафтори одамон ва мушкилшавии омӯзиши онҳо.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ҳолати рӯҳии одамон бевосита инъикоси воқеии ҷамъиятӣ буда, бо дасти худи одамон ташкил карда шудааст.
Бинобар ин, адиби рус А. Герсен қайд мекунад, ки роҳи ягона барои фаҳмидани ҳолати фикрронии имрӯзаи одамон ба ёд овардани он аст, ки онҳо ба чӣ хел то ба имрӯз расидаанд.

Албатта, дар илми фалсафа тарафҳои гуногуни фаҳмиш, тафаккур, фикрронӣ ва дониш дида мешаванд.

Фаҳмиши умумии шуур — ин инъикоси абстрактии ҳақиқат мебошад.

Фаҳмиши ҷузъии шуур — ин инъикоси психологии шахс оид ба ҳақиқат мебошад.

Куллан, фаҳмиш (шуур) ин ҷараён ё худ ҳиссиёти хеле мураккаби қабул, тасаввур, фикр, ақида ва дониш мебошад.

Аксари олимони файласуф дар он ақида мебошанд, ки сохтори шуур аз чор унсури аввалиндараҷа ва аз 3 унсури дуюмдараҷа иборат мебошад:

  1. Рӯҳ. 2. Хотира. 3. Фикр. 4. Эҳсосот

Унсурҳои дуюмдараҷа:

  1. Диққат. 2. Ирода. 3. Рафтор.

Инчунин дар сохтори шуурнокии одамон боз ба дарки ҳодиса ё худ предмет, таассуф ба ҳодисаҳои рухдода ва амсоли ин ҷудо карда мешавад.

Моҳияти шуурнокии одамон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки онҳо инъикоси воқеии ҳодисаҳо мебошанд. Бинобар ин, ҷараёни шуурнокӣ ин худ ҷараёни инкишоф буда, дониш бояд асоси шуурнокӣ гардад. Дар сохтори шуурнокии одамон ҷараёнҳои мураккаби фаҳмишҳо пайдо мегарданд ва вуҷуд доранд, ки бо воситаи он инсон доимо донишҳои худро мустаҳкам месозад ва вайрон шудани ҳолати рӯҳии одамон метавонад ин ҷараёнро хароб созад ва одамон қобилияти мустаҳкам кардани донишро аз даст диҳанд.

пешина
аз 522
навбатӣ