Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ҷонибдораш омӯхта, мувофиқи он муносибат намояд. Аз тарафи дигар, ҳар як шахс бо худ қобилияти муайяни модарзодӣ дорад, ки вобаста ба ҳолатҳо се хел намоён шуда мегардад:
- Муқаррарӣ.
- Ғайримуқаррарӣ.
- Фавқулодда.
Ҳолати муқаррарӣ — рафтори одамон, ки ба муносибат, ё худ муносибрасонии дигарон фаъолият мекунанд.
Ҳолати ғайримуқаррарӣ хусусияти табиӣ, илмӣ ва иҷтимоию сиёсӣ дорад, чунки инсон, вақте ки ба як синну соли муайян мерасад бояд меҳнат намояд, ҳамроҳ бо дигарон муносибате дошта бошад, яъне шуурнокии ӯ бояд инкишоф ёбад. Дар ин давра худинкишофёбии одамон ва истифода аз дигар ҳолати психологии шахс инкишоф ёфта, мустаҳкам мегардад. Инсон ҳар қадар соҳиби даркишу фаҳмиши пурра гардад, ҳамон қадар аз ҷиҳати рӯҳӣ мустаҳкам мешавад.
Аз тарафи дигар, инсон дар як зинаи ҳаётии худ ба зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ мегардад, ки аллакай барои шуури вай ҳолати ғайримуқаррарӣ мебошад. Дар ин ҳолат барои ҳимояи хеш метавонад он фаҳмишу дониш ва ҳатто қобилияти ҷисмоние, ки ҷамъ овардааст, сарф намояд, яъне муносибатҳои воқеии иҷтимоию иқтисодӣ акнун метавонанд ҷои фаҳмишҳои аллакай солим ва беғаразонаро гиранд.
Маҳз дар ҳамин давра ташаккули шахсиятҳо, фикрронӣ, интихоби тарзу усули зиндагӣ вобаста аз ҳолатҳои оромӣ, муноқиша, норасонӣ, асабонӣ шудан ва ғайра пайдо мегардад, ки дар натиҷа одамон ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд.
Ҳолати фавқулодаи рӯҳӣ, ки дар рафтори одамон дида мешавад, маҳз дар зинаи дуюм ба миён омада, дар одамон аллакай ҳисси бадбинӣ, рафтори ношоиста, танбалӣ, бекорӣ, дурӯғгӯӣ ва ғайра пайдо мегардад. Дар чунин як давраи инкишофи психологии одамон системаи ҷамъиятии низомӣ, давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо бояд мақоми хоса зоҳир намуда нагузоранд, ки одамон ба корҳои ношоями инсонӣ аз қабили нашъамандӣ, майзадагӣ, дуздӣ, роҳзанӣ ва бекорӣ даст бизананд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо