Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса бармеояд, ки системаи табақавии менеҷмент субъекти воқеии дарки муноқишаро надошта, пешгирии онро таъмин карда наметавонад. Бинобар ин зарур мебошад, ки менеҷмент системаи идоравии сохтори худро тағйир дода, ба системаи горизонталии «ҳамвор» гузарад, ки дар он аъзои даста барои иҷрои вазифаи худ ҷавобгар буда, ҳолати корҳои дастаро дар қитъаи худ назорат карда тавонад.
Агар чунин қоида дар менеҷмент ҷорӣ карда шавад, он гоҳ ҳар як корманд метавонад дар ҷои кори худ ҳиссаи мусбӣ гузорад, то мутақобил воқеӣ буда, барои пешгирии муноқиша мусоидат намояд. Аз тарафи дигар, вақте ки ҳар як аъзои даста худро баробарҳуқуқ ҳис менамояд, он гоҳ тарсу ваҳм ё худ носуботӣ, фиребгарӣ аз байн рафта, муҳокимаи кушоди масъала пайдо мегардад, ки садди роҳи муноқиша, ё худ боиси рух надодани он мегарданд.
Инчунин, бояд қайд кард, ки вақте масоил кушоду рӯйрост муҳокима карда мешавад, ҳар як корманд ба худ боварӣ ҳосил карда, доимо рӯйрост амал ва кирдори баромад мекунад ва асли воқеии ҳалли масъаларо гуфта мегузарад, ки ҷорӣ намудани усулҳои демократии идоракунӣ дар менеҷмент имкони пайдошавии алоқаи баръаксро ба вуҷуд меорад.
Дар вақти ҷорӣ кардани усулҳои демократии қабули баръакси ахбор бояд қоидаҳои зерин риоя карда шаванд:
-
Диверсификатсияи ақидаҳои гуногуне, ки метавонад муноқишаро барҳам диҳад ва самаранокии кори менеҷментро баланд бардорад.
-
Системаи ахбори баръакс бояд маҳз бо он шахсоне, ки ахбор ба онон дахлуқ дорад, якҷоя кор карда баромада шавад. Нишондиҳандаҳои баҳодиҳӣ, салоҳияти тарафайн ва ташкили як қатор система ва меъёру стандартҳое, ки натиҷаи меҳнати кормандонро баҳо дода метавонад:
а) бевосита миннатдорӣ намудани роҳбари аввали ташкилот, хуб мебуд,
ҳам алоҳида ва бо коллектив;
б) худбаҳогузорӣ, ҳар як корманд бояд ба натиҷаи кори худ баҳо гузорад;
в) баҳои даста — усули ҳамкорӣ, муносибат ва натиҷаи кори якҷояи
даста;
г) баҳои горизонталӣ баръакс, гуфтушуниди озоди байни кормандон
новобаста аз фикру ақидаи озоди эшон;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо