Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дараҷаи якуми камолот, ки экосентрикӣ номида мешавад, ду давраи инкишофи арзишҳоро ифода менамояд: ахлоқӣ ва инструменталӣ, ки асосашро талаботҳои фардӣ ва ё хоҳиши фардӣ ва баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти онҳо ташкил медиҳанд. Бартарияти ин арзишҳои ахлоқӣ дар он мебошад, ки имкони инъомро пайдо мекунад ё ин ки аз ҷазо эмин мемонед, дар ҳолате ки ба касе зарар нарасида бошад.

Дараҷаи дуюм арзишҳои ҳаловатӣ мебошанд, ки давраи сеюм ва чоруми инкишофро дар бар мегиранд. Моҳияти ахлоқии ин зина дар асоси ривоҷӣ ва дастгирии атрофиёне мегузорад, ки дар ҳамин зина умр ба сар мебаранд. Ин давраро зинаи қонунӣ ва тартиботӣ низ мегӯянд, зеро диққати асосӣ ба мувофиқаи ҳуқуқӣ ва меъёрӣ дода мешавад. Дурустӣ ва ё нодурустии рафтор аз рӯи қонунӣ будани фаъолият баҳо дода мешавад.

Дараҷаи сеюми арзишот давраи қоиданокӣ номида шуда, ду зинаи камолотро фаро мегирад. Инро зинаи ахлоқӣ низ мегӯянд. Дарк намудани рафтори дуруст, ё нодуруст, аллакай, аз рӯи фаҳмиши ақл, малакаю маҳорат, донишмандӣ ва дигар арзишҳои шахсият сурат мегирад.

Аз дигар тараф шахсият, аллакай, қарорро аз рӯи он низому равандҳое, ки дар натиҷаи донишомузӣ ва таҷрибаи корӣ ба даст овардааст, қабул менамояд. Дар зинаи олии камолот ин қоидаҳо бояд асоси фаъолият ва рафтори роҳбарӣ бигарданд.

Эгоцентристҳо бошанд меъёрҳо ва қонунҳоро ҳамчун чизи беруна ҳисоб менамоянд. Ҷудоипарастон низ қонуну меъёрҳоро ҳамчун як чизи беруна ҳисоб мекунанд ва танҳо барои нигоҳ доштани ҳолати зиндагии худ онҳоро риоя менамоянд.

Тадқиқоти тарҳи инкишофи арзиши Колберг натиҷаҳои зеринро, ки ба рафтори идораӣ тааллуқ дорад, додааст, яъне вобаста ба он, ки роҳбар дар кадом зинаи камолот қарор дорад, рафтору усули идоравии худро аз рӯи ҳамон қоидаҳо ҷорӣ менамояд.

Камолот инкишофи низоми равандҳое мебошад, ки шахсият дар
фаъолияти роҳбарии худ истифода менамояд. Инкишофи низоми равандҳо имкон
медиҳад, ки ҳар як фард оиди ин ё он масоил баҳсу музокира карда, фикру
ақидаи хешро озод гуфта тавонад. Баъзе олимони бахши менеҷмент инро чунин

пешина
аз 522
навбатӣ