Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Арзишҳои терминалиро метавонем дар навбати худ ба арзишҳои фардӣ (олами дохилаи инсон) ва иҷтимоӣ (олам дар чашми оламиён) ҷудо намоем. Ин ду арзиш низ дар ҳар як фард гуногун мебошад ва мутаносибии мухолифро дорад. Агар як арзиши шахс хеле боло равад, дигар арзишҳои иҷтимоиро дар ҳар як фард паст мекунад. Мисол, одамоне, ки мехоҳанд сулҳро дар тамоми ҷаҳон барқарор намоянд, баробариро асоси шиори худ мешуморанд, вале арзишҳои худҳӯктиромкунӣ ва худҳаловатбариро инкор менамоянд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳангоми интихоби арзишҳо яке барои хеш нишонагирӣ дошта, дигаре нишонагириро барои дигарон менамояд.
Олими бахши менеҷмент Рокич зиёда аз 550 менеҷерро аз мамлакатҳои дунё омӯхта, 18 номгӯи арзишҳои терминалӣ ва васоитиро нишон додааст. Бояд қайд кард, ки ин 36 номгӯи арзишҳое, ки Рокич муайян сохтааст, барои халқу миллатҳои гуногун ва менеҷерони соҳаҳои гуногун ҳархела баҳо дода мешаванд. Яке аз арзиш хирадмандӣ, эҳтироми якдигарӣ ва қаноатмандиро дар ҷаҳон аввал монад, дигаре зебогӣ, зиндагии хуш, бемасъулиятӣ ва озодиро дар навбати аввал мегузорад. Бояд қайд кард, ки агар омӯзгор дар вақти гузаштани ин мавзӯъ тести санҷишӣ аз рӯи 36 арзиш гузаронида, дараҷаи дониш ва интихоби арзиши шогирдони хешро муайян созад, мо боварӣ дорем, ки ҳар як курс, ихтисос, миллат ва ҳатто гурӯҳҳо, ҷинс ва синну соли муайян арзишҳоро гуногун баҳо медиҳанд. Ин ҳақиқати холи санъати менеҷмент буда, менеҷер бояд ин арзишҳоро пурра донад ва дар таҷрибаи амалияи фаъолияташ истифода намояд.
Мисол, барои аксар менеҷерон арзиши ҳисси бурдборӣ аввалиндараҷа буда, зиндагии хуб ва мустақилиятро авлотар медонанд. Аз рӯи арзишҳои фардӣ муайян кардан мумкин аст, ки хоҳиши «аҳолии ин ё он минтақа ё мамлакат дар чист».
Муайян кардани системаи арзишҳои менеҷмент ҳоло бурдбории пурраи менеҷменти корхона набуда, балки нишондиҳандаҳое мебошанд, ки асоси рафтор ва муомилаи кормандон дар ташкилот мегарданд. Умумияти арзишҳо ва риояи ташкили истифодаи он дар дастае дида мешавад, ки онҳо самаранок истифода бурда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё