Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

расанд, дар дигар маданияту халқ аз рӯи нишондиҳандаҳои дигар, аз ҷумла, аз рӯи муносибати синну сол, ҷинс, маҳал, пайдоиши этникӣ соҳиби обрӯю эътибор мегарданд. Албатта, аз нигоҳи менеджмент баҳо додани қобилияти фардӣ бояд мақоми асосӣ дошта бошанд.

Арзишҳои шашум маданияти халқу миллат аз рӯи қадршиносии вақт ба ҳисоб меравад. Маданиятҳои гуногун ба ин захираи бузург муносибати мухталиф доранд ва оид ба гузашта, ҳозира ва оянда фикру ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Аксар миллатҳо гузаштаро бештар баҳо дода, инкишофи имрӯза ва идоракуниро ба анъанаҳои гузашта мувофиқ намуда, кору фаъолият менамоянд, ки инро мо низ тарафдорӣ менамоем. Инчунин мо пешниҳоди онро дорем, ки андешарониҳо кӯтоҳи яксоата, якрӯза ва якҳафтаина набуда, балки дурбин бошанд.

Арзишҳои ҳафтум муносибати халқу маданияти гуногун нисбат ба навоварӣро фаро мегирад. Назорати дохила ва беруна. Халқу миллатҳои бисёр дар он ақида мебошанд, ки фаъолият ва тақдири онҳо ба худи онҳо вобаста набуда, аз боло аз қувваи Илоҳӣ идора карда мешаванд.

Гурӯҳи дигар тақдири худро дар фаъолияти корие, ки ба худи ӯ вобаста мебошад, дида доимо дар ҷустуҷӯи донишу навоварӣ буда, фаъолият менамояд.
Бинобар ин, дар баъзе давлатҳо бештар инсонеро қадр мекунанд, ки чизи навро офарида ё худ ихтирокорӣ менамояд, вале давлатҳои дигар бештар имкону усулу роҳҳое, ки аллакай маълум мебошад, ҷонибдорӣ намуда, онҳоро бо каме дигаргунӣ истифода мебаранд. Вобаста ба ин гурӯҳи арзишҳо, ба ду хулосаи зарурӣ омадан мумкин аст:

  1. Он чизе ки рӯ медиҳад, натиҷаи фаъолият аст.

  2. Имкони назорат кардани тақдири худро надорам.

Ҳолати аввалро менеҷерони ИМА, Исроил ва Норвегия 80% ва менеҷерони Чин, Венетсия бошанд 40% тарафдорӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар байни умумиятҳои миллию этникӣ, шахсиятҳои
гуногунхислатеро дидан мумкин аст, ки ҳатто ба маданияти миллату қавму
қабилаи хеш мувофиқат намеменамоянд. Бинобар ин, хуб мешуд агар дар ташкили
кор дар ташкилот, маданияти универсалӣ, ки «Маданияти ташкилот» ном
дорад, истифода карда шавад. Он барои аксарият қобили қабул буда,

пешина
аз 522
навбатӣ