Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ро пеша созед ва бо корҳои арзандаи хеш исбот намоед, ки дарвоқеъ қобилатонро медонед ва аз ӯҳдаи ин вазифа мебароед.
Сеюм, ҳолате, ки Шумо аз муҳит хатари бадбинӣ, бадхоҳии атрофиёнро ҳис мекунед ва мавқеи ҳимоявиро гирифта, дигар озодона рафтор карда наметавонед, аз эҷодкорию навоварӣ даст кашида, «консерватор»-и хеш мегардед ва дигар тавакқалкорӣ намесозед.
Менеҷер ҳаракат мекунад, ки оромиро пешаи кори худ намояд. Вақте ки ба «ман»-и одамон ягон қувваи баде таҳдид менамояд, онҳо дар асоси донишу малакаи хеш маҳдуд шуда, худро дар шакли мусоид ҳимоя менамоянд.
Се ҳолате, ки дар боло номбар намудаем, ду хусусият, ё ин ки ду натиҷа доранд: яке манфӣ, дигаре мусбӣ.
Якум, натиҷаи манфӣ он аст, ки менеҷер вобаста ба синну сол, мавқеъ ва ҳолатҳо аз рӯи қоидаи «тарс» фаъолият карда, ҳамчун консерватор ташаккул меёбад ва то охири умр дар ҳамон ҳолат мемонад.
Дуюм, натиҷаи мусбӣ он аст, ки шахсиятҳо ахборро дуруст қабул намуда, ба омӯзиш ва пешрафти худ машғул шуда, мӯҳлате аз хулқу рафтор ва фаъолияти пешинаи худ даст кашида, роҳи навро пеша менамоянд. Дар натиҷа боз як ҷаҳиши калон ба қарз дода, аз атрофиёни бадхоҳ халосӣ ёфта, дар дараҷаи дигари талаботҳо кору фаъолият менамоянд. Чунин рафтор барои «худшиносӣ» ва инкишофи шахсият, роҳбарон шарти зарурӣ мебошад. Дигар тарафи хусусияти мусбӣ он аст, ки дар ин гуна шахсон қобилияти баланди роҳбарӣ ташаккул ёфта, онҳо ба зинаҳои болои инкишоф — сатҳи баланди исбот мерасад.
Маълум аст, ки бе муносибат ба аҳли ҷомеа одамон худро фаҳмида
наметавонанд. Ҳолати мазкур аз шахсияти атрофиён низ вобаста аст. Агар кас
бо донишманду кордон ва қобилиятноку эҷодкорон ҳамнишин бошад, он
донишманд аст ва аз он шахс ва ҷомеа баҳраманд мегардад, вале муҳити
мардуми камсавод, одамони бадахлоқ, майпараст ва амсоли онҳо ба одамон
таъсири манфӣ расонида, монеаи рушди инсонӣ мегардад. Аз ин хотир
худнифодагӣ калиди худшиносӣ буда, бояд шахс дониш, фаҳмиши худро ба
дигарон равона карда тавонад. Дар чунин айём атрофиён тавассути ҷумла ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё