Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фаъолияти инфиродӣ ва муомилавии одамон, инчунин фаҳмидани дигарон мекунанд.

Ҳоло якчанд роҳу усулҳои омӯзиши худшиносӣ маълум аст, ки дар шакли гурӯҳӣ ва фардӣ зоҳир гашта, олимони соҳаҳои гуногун ва воситаҳои гуногуни электрониро фаро мегиранд.

Фардҳои алоҳида низ барои худро санҷидан, фаҳмидани саломатиашон ҳар сол маблағҳои зиёдеро сарф мекунанд. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳои ахбории Амрико, соле то 20 млрд. долларро мардумони ин сарзамин барои ташхиси хеш сарф мекунанд. Амали мазкур бо роҳи муроҷиат ба табибон, рӯҳшиносон ва дигар мутахассисони бахши одамшиносӣ воқеъ мегардад.

Равоншиноси амрикоӣ Эрих Фромм (1939) яке аз аввалинҳо шуда, оид ба даркамандии хосияти шахсии «ман» ва муносибат ба атрофиёнро омӯхта, ба хулосае меояд, ки худро бад дидан ба дигарон низ бадбиниро пайдо мекунад».

Баъдтар (с. 1961) олими дигари равоншинос Карл Роҷерс низ ба хулосае меояд, ки худбаҳодиҳӣ ва қабули «ман» яке аз сарчашмаи асосии инкишофи фардии қабул ва фаҳмиши дигар одамон мебошад. Ӯ аз нигоҳи он, ки талаботи асосии одам, асосан талаботи манфиати хеш ва ҳурмату эҳтироми хеш мебошад, тадқиқот бурда, дар аксари одамон талаботи физиологиро зиёдтар нисбат ба талаботҳои инсонӣ мушоҳида менамояд.

Олимони бахши менеҷмент низ бо чунин хулоса омадаанд, ки дар ҳақиқат дониши мо дар бораи худ ва худшиносии «ман» асоси инкишофи санъати идоракунӣ мебошад. Мо ҳеҷ гоҳ худро инкишоф дода наметавонем, агар надонем, ки намедонем, ки дар кадом дараҷа қарор дорем.

Албатта, як қатор нишондиҳандаҳои таҳлилие мавҷуданд, ки оиди саломатии одамон, самаранокии фаъолияти онҳо, то чӣ андоза аз уҳдаи роҳбарӣ баромадани шахс шаҳодат медиҳанд. Аз дигар тараф, худшиносӣ мафҳуми мураккабу васеъ буда, мушкилфаҳм аст ва умуман хислати одамӣ чунин мебошад, ки ӯ аксар маврид дарки ҳақиқатро худ намехоҳад фаҳмад. Инчунин дар инсон боз хислати танбалӣ низ дида мешавад, ки дар инкишоф ва худшиносии хеш заҳмату меҳнат талаб мекунад.

Аз дигар тараф дарки ҳақиқати ҳолро баъзеҳо ҳамчун нуқсон қабул
намуда, намехоҳанд омӯзанд ва камбудию нодонӣ ва қафомонии худро ислоҳ

пешина
аз 522
навбатӣ