Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Қисми аввали китоби дарсӣ, ки «Асосҳои методологӣ» ном дорад, маълумоти умумӣ оид ба назария ва амалияи менеҷмент, таърихи пайдоиши мактабҳои классикии омӯзиши менеҷмент, услуб ва методологияи омӯзиш, тавсифи объект ва субъекти омӯзиши фан, технологияи менеҷмент, талаботи ташкили менеҷмент, функция ва вазифаҳои менеҷментро дар бар мегирад.
Қисми дуюми китоб «Ташкили фаъолиятҳо» унвонӣ шуда, ба таҳлилу баррасии вазифа ва функцияҳои асосии менеҷер, мақоми омили башарӣ дар менеҷмент, қобилият ва кордонии роҳбарон «пешвоён», усулҳои ташкилӣ ва интихоби кормандон, муносибатҳои ахлоқӣ дар менеҷмент, шаклҳои банақшагирӣ, мақсадгузорӣ, функцияҳои ташкили менеҷмент бахшида шуда, равандҳои алоҳидаи соҳавии менеҷменти молиявӣ, истеҳсолӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, байналхалқӣ ва навоварӣ пешниҳод шудааст.
Қисми сеюми китоби Менеҷмент «Санъати роҳбарӣ»-ро дар бар гирифта, дар он оид ба талаботҳо ва роҳҳои санъати роҳбарӣ, муносибат бо кормандон, истифодаи вақт, шахсият ва худшиносӣ, муноқишаҳо ва ҳолати рӯҳии роҳбарӣ, санъати ташкили лоиҳаҳои мақсаднок ва фикрронии стратегӣ, ташкили идоракунии буҷавӣ ва фурӯши молҳо ва равандҳои ояндаи менеҷменти касбии Тоҷикистон сухан меравад. Дар охири қисми мазкур бо мақсади баҳодиҳии дониши Шумо оид ба менеҷмент тестҳои санҷишӣ оварда шудааст.
Хонандаи азиз, то чӣ андоза мо ба ин мақсадҳои худ расидаем худ қазоват намоед. Мо ба Шумо барои эродҳо ва фикру ақидаҳои ирсол кардаатон доир ба ин китоб, ки аввалин маротиба бо забони тоҷикӣ бо номи «Менеҷмент» нашр мешавад, изҳори миннатдорӣ намуда, дар нашри дуюми китоб онҳоро ба эътибор мегирем.
Муаллиф дар навбати аввал ба раёсати Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва коллективи факултети Иқтисод ва идора, барои дастгирию кӯмак ва шароити фароҳамовардаашон дар навиштани китоби мазкур, изҳори миннатдорӣ менамояд.
Ба ҳамаи устодону шогирдон ва дӯстоне, ки дар навиштани китоб маслиҳатҳо дода, вақти гаронбаҳои худро дареғ надоштаанд, хусусан, ба дӯстонам Пиров С.Р., Давлатов М.С., Нозимов М.Н., Шарафов Ҷ.А., Қурбонов А.Ш., Назаров Р.Н., Ризоев С.Б., Раҳмонов М., Назаров С.Н., Холмуродов Б.Ҳ., Тагоев Ҷ.Ҳ., профессорон Сафиев Ҳ.С., Фақеров Ҳ.Н., Исоматов Б.И., Ҳакимов А.Ҳ., Нурмаҳмадов М.Н., Комилов С.Ҷ. ва Қодиров Д.Б. арзи сипос менамоям. Инчунин, аз устодони Донишгоҳи Давлатии Москав ба номи М.В.Ломоносов д.и.и., профессор Бобилев С.Н., д.и.и., профессор Папенов К.В. ва директори нашрияи ҳамин донишгоҳ Алла Николаевна барои маслиҳатҳои арзишмандашон сипосгузорам.
Ба соҳибкорон, фарзандони баруманди тоҷик — Кабиров А.С., Саидов А.С., Саидов З.Ш., Қаландаров А.Қ., Ятимов М., Шарипов К., Давлатзоди Умед, Ҳусейнов Ҷ.О. ва Малиқоев А.М. барои кӯмаки бевоситаи молиявиашон дар нашри китоб миннатдории худро баён менамоям.
Инчунин, ба фарзандонам Махшулбӣ, Дилором, Назаралӣ, Саломатбону, ки дар ҳуруфчинии компютерӣ, ислоҳ, тасҳеҳи техникӣ ва чопи китоб меҳнати зиёд намудаанд, сипосгузорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё