Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷараёни психологие мавҷуд мебошад, ки аз доираи фаҳмиши мо берун мемонад. Дар ҳудуди фаҳмиши мо ҳамон хислатҳо ва рафтори шахс намоён мешаванд, ки онҳо кушоду равшан мебошанд, яъне аз онҳо одамон истифода карда метавонанд.

Унсурҳои дигари бузургии шахс, ки бо ақли мо мувофиқ намебошанд, дониста намешаванд. Бо гузаштани вақт, баъди чанде насли оянда онҳоро дарк хоҳад кард. Таърих гувоҳ аст, ки дар давраи ҳаёти шахсони бузург, кору фаъолияти онҳо аз доираи фаҳмиши ҳамзамонони хеш хеле пеш буданд, бинобар ин онҳоро ҳамзамонон қадр намекарданд. Мисол, шоҳасари А.Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро дар замони худ подшоҳ қадре ҳақмузд дод, ки як коса дугоб шуду халос. Ҳол он, ки ин асари бузургро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда, то имрӯз ҳамчун «Шоҳасар» мақбул аст. Ё ин ки асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки баъди 50 сол қадри худро ёфта, мавқеи ин шахси бузургро ҳамчун «Қаҳрамони миллат» муайян намуд. Мисолҳои бисёре ҳатто мукофотҳои Нобелиро овардан мумкин аст, ки ҳамзамонон ба қадри одамони бузург намерасанд. Фақат насли баъдина бузургии шахсиятҳоро дарк менамояд ва мукофот медиҳанд.

Одамон аз хурдӣ худро ба атрофиёни хеш, шахсиятҳои бузург, ҳунармандон, варзишгарон, сиёсатмадорон, олимон қиёс намуда, оид ба зеҳн, намуди зоҳирӣ, саломатӣ, мақоми ҷамъиятӣ хулоса мебароранд ва орзу низ менамоянд, ки ба сатҳи ин шахсҳо бирасанд. Чунин муносибат шакли худбаҳодиҳӣ буда, ҳар як фард дар бораи хеш хулосаи зарурӣ мебарорад. Маҳз ҳамон шахсе, ки ба худ баҳои дуруст дода, метавонад қобилияти худшиносиро пайдо карда, мақсадгузории дуруст намояд. Яъне шахсе, ки мақоми худро дуруст ташхис менамояд, имконияти муайян намудани пешомади инкишофи хешро пайдо месозад. Чунин хусусиятро ҳамчун «худэҳтиромӣ» ва ё «эҳтироми худӣ» низ мефаҳманд. Пеш аз оне ки касеро баҳогузорӣ менамоем, бояд худро баҳо дода тавонем. Дар он вақт ба дигарон низ баҳои мувофиқ дода метавонем. Маҳз чунин талабот дар санъати менеджмент зарур буда, пеш аз оне, ки қароре қабул карда шавад, иҷрои он бояд дар назар дошта шавад. Бояд бидонем, ки оид ба ин масъала то чӣ андоза мавқеъ муайян гардидааст, то иҷрои он талаб карда шавад. Мисол, агар шахс хатое содир намояд ва дар воқеъ ба худ баҳо

пешина
аз 522
навбатӣ