Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ин, албатта, нодуруст мебошад. Маъмулан бисёр роҳбаронеро дидан мумкин аст, ки аз навовариҳо метарсанд ва мехоҳанд, ки муҳит ҳамоно куҳна, қолабӣ ва консервативӣ боқӣ бимонад, аммо замони нав чунин муносибатро пазируфта наметавонад. Насли нав арзиш ва муносибатҳои навро тақозо мекунад. Дар чунин як ҳолат шахсе, ки ақидаи навро пешгӯӣ, ё ягон таклифу пешниҳоде менамояд, метарсад, ин, ки ба азобу шиканҷаҳои «консерватизм»-и роҳбарӣ дучор мегардад. Бинобар баъди як ё ду маротиба санҷидани худ, ки хоҳ нохоҳ шикаст мехӯрад, ӯ дигар таклифи наверо пешниҳод наменамояд ва бетарафию хомӯширо интихоб менамояд, ки оқибат ба касодии кори корхона оварда мерасонад.
Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки барои бунёд намудани муносибатҳои нав ва муҳити нави замонавӣ, роҳбар бояд тафаккури наву пешқадамона дошта бошад.
Аз ин хотир додани ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва худмустақилӣ имкон медиҳад, ки мо иқтидори бузурги зеҳнию ақлонии кормандонро истифода барем.
Додани ҳуқуқ, яъне ба одамон имкони инкишоф ёфтанро додан, боварӣ ба худ пайдо кардани ҳар як корманд мебошад. Шахсе, ки ӯ бовар мекунад, на танҳо имкони иҷрои ин ё он фаъолиятро дорад, балки дар ӯ дигар эҳсосот пайдо мегардад, яъне ӯ аллакай дигар хел фикр мекунад.
Ба даст овардани ҳуқуқ ин, аллакай, ҳукмронӣ нест. Барои ҳукмрониро амалӣ гардондан бояд шароитро низ муҳайё созед, ки ин ҳукмронӣ амалӣ гардад.
Ба даст даровардани ҳукмронӣ ба як қатор омилҳои шахсӣ вобастагӣ доранд. Дар ҳар сурат одамон бояд ҳукмронии Шуморо ҳис карда онро тасдиқ намоянд ва аз қафоятон бираванд, яъне тасдиқкунандаи ҳукмрониатон рафтори дигар одамон мебошад. Новобаста аз он ки ба Шумо ҳуқуқ медиҳанд, ё не, бояд ҳукмронии дохилаи худро дошта бошед, ки онро берун бароварда, дигаронро бовар кунонед. Инсон ҳуқуқро қабул намекунад, балки ба даст меорад.
Олами инсонӣ чунин аст, ки агар як шахс ҳукмронии худро пурра истифода намояд, дигар шахс қисме аз ҳукмрониро бояд аз даст бидиҳад, яъне ҳукмронии дигар шахс бар зидди хоҳиши шумост. Бинобар ин, зиддият доимӣ дар ҷамъият вуҷуд дорад ва боқӣ ҳам мемонад. Маҳз ҳамин нуқтаи назар асоси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё