Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

электронӣ»-и корхона фақат таъминоти ахбор набуда, балки таъмин сохтани фаъолияти самараноки корхона, инчунин ҳимояи корхона аз омилҳои дохилию беруна ва махфӣ нигоҳдоштани корҳои тиҷоратӣ мебошанд.

Бояд қайд кард, ки тақрибан нимаи дуюми солҳои 40-уми асри гузашта аввалин компютери универсалии ЭВМ ихтироъ карда шуда буд. Дар он солҳо, албатта онҳо қобилияти имрӯзаро надоштанд.

Акнун вақти асосии роҳбарӣ оиди балоиҳагирии фаъолият, муҳокимаи шартномаҳо, ҳисоббаробаркуниҳо, таҳлили ҳолати молиявӣ, омӯзиши бозор, дар мамлакатҳои инкишофёфта бевосита ба системаи электронӣ вобаста мебошад.
Дар ҳақиқат қариб 50-60% вақти кории роҳбарон дар мамлакатҳои инкишофёфта барои иҷрои корҳои ахборӣ мегузарад. Ин, албатта, бесабаб нест, зеро 50-60% даромад низ аз дуруст ва пурра истифода кардани ахбори электронӣ вобаста мебошад.

Бинобар ин чунин як қоида дар ҳамаи звеноҳои идоракунии ташкилот бояд мавҷуд буда, ҳар як корманд имкони истифодаи ахбори электрониро дошта бошад. Аз ин хотир талаботи асосӣ оид ба «Системаи асаби электронӣ»-и ташкилот содда будани системаи он мебошад. Имрӯз аксари роҳбарон чунин ҳисоб менамоянд, ки аксари ахборро бояд танҳо звенои болоии идоракунӣ дошта бошад, ки ин нодуруст мебошад. Муаммои дигар ин аст, ки коркарди «Системаи асаби электронӣ» дониш ва маблағ талаб менамояд ва на ҳамаи роҳбарону ташкилотҳо чунин қобилият ва имконотро доранд.

Аксари мутахассисони бахши менеҷмент дар чунин ақида мебошанд, ки дар ҳақиқат бояд як ҳудуди махфияти ахбор вуҷуд дошта бошад. Лекин хуб мебуд, ки агар қисмати зиёди кормандон аз рӯи қоидаи «боварӣ» фаъолият намуда, имкони истифодаи ахборро медоштанд.

Мисол, барои менеҷери бахши истеҳсолӣ, ки доимо ба ҷараёни роҳбарии истеҳсолот машғул асту имконоти таҳлили ҳуҷҷатҳои дохила ва берунаро надорад, донистани ахбор оид ба нархи мол, миқдори фурӯш, фоида ва хароҷот имкон медиҳад, ки ӯ аз натиҷаи кори худ бохабар шуда ҳавасманд гардад ва хубтару беҳтар меҳнат намояд. Ахбори дурусту саривақтиро гирифта ин шахсон метавонанд сарчашмаи ақидаҳои наве бигарданд, ки ба инкишофи ояндаи ташкилот мақоми арзандаи худро дорад.

пешина
аз 522
навбатӣ