Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Васеъшавии мустақилияти тамоми звеноҳои роҳбарӣ.
  2. Ҷаҳонишавии иқтисодиёт.

Дар чунин шароит самаранокии истифодаи вақт мақоми арзанда дорад. Бинобар ин, чунин як ҷараён бояд идора карда шавад. Ба низом даровардани истифодаи вақт вазифаи хеле ҳам мушкил буда, меҳнати зиёду қавиродагии бузургро талаб менамояд.

Барои он ки ҳар як роҳбар дарк намояд, ки то чӣ андоза функцияи худро иҷро ва ба мақсад мувофиқ меҳнат карда истодааст, бояд бидонад, ки буҷаи вақти ӯ хеле ҳам маҳдуд мебошад.

Банақшагирии вақти кории роҳбар лоиҳае мебошад, ки дар он ҷараёни меҳнат дар давраи аниқи вақт ҷой карда мешавад.

Роҳбар на фақат мақсадҳои касбӣ ва инфиродии худро ба нақша мегирад, балки корҳои ҷориро низ ба нақша мегирад, ки иҷрои қарори роҳбариро таъмин намоянд. Банақшагирии хуб бояд пеш аз ҳама истифодаи самараноки вақтро таъмин карда тавонад.

Ҳар қадар роҳбар вазифа ё худ кори аниқеро иҷро накунад ҳам, доираи иҷрои вазифаҳо ва корҳои ӯ хеле гуногун мебошад. Яъне садҳо корҳои хурду миёна, заруру нозарур, таъчилӣ ва ғайритаъчилиеро дар кори роҳбарӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба кори роҳбарӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ё худ барои муайян кардани истифодаи самараноки вақти роҳбар халал мерасонанд. Бинобар ин, хуб мебуд ҳар як роҳбар вақти худро ба нақша гирад ва иҷрои онро назорат намояд.

Идоракунии вақтро чунин ба роҳ мондан мумкин аст:

  1. Банақшагирӣ — ин асоси тамоми фаъолиятҳои роҳбар мебошад, яъне вобаста аз мақсад, вазифа ва ӯҳдадориҳо ҳар як роҳбар нақшаи ҷорӣ, солона, миёнамӯҳлат ва стратегии дарозмуҳлати худро тартиб диҳад. Аслан чунин нақшаҳо ду хел мешаванд.
  1. нақшаи фардии роҳбар 2) нақшаи умумии менеджменти ташкилот.
  1. Амалгардонии нақша. Маҳз қадами дуввум қабули қарори дурусти роҳбариро талаб мекунад, яъне кадом корҳо?, кадом вақт?, бо кадом
пешина
аз 522
навбатӣ