Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

барномаҳои махсуси компютерӣ, телефонҳои мобилӣ, воситаи ахбори умум
-(газету, журнал, радио ва телевизор) эълонҳо, тахтаҳои ташвиқотӣ ва амсоли инҳо.

Баҳодиҳии натиҷаи фаъолият ва назорат фосилаи охири кори роҳбарӣ буда, бояд доимо аз мадди назари роҳбар дур набошад. Баҳодиҳӣ ва назорат боадолатона, беғаразона ва рӯпрост буда, ҳиссаи ҳар як шахс бояд муайян карда шуда, мукофотонида шаванд.

Ҷамъи равандҳо ва усулҳое, ки дар ин мавзӯъ гуфта гузаштем, метавонад самаранокии фаъолияти роҳбарро пурра таъмин созад.

31.2. Ҳирадмандӣ - талаботи асосии санъати менеҷмент

Дар шароити густариши бемайлони глобализатсияи соҳибкорӣ мо дигар метавонем, ки омили пешоҳангӣ - ҳирадмандиро ба эътибор нагирем. Яъне ташкилотҳои гуногунмиллати байнамилалӣ, тиҷорати беҳудуди мол, гуногунии талаботҳои истеъмолкунанда моро маҷбур мекунад, ки дар ҳама ҷабҳаҳои инкишофи менеҷмент ҳирадмандӣ ва пешоҳангиро сармашқи кори худ қарор диҳем. Ҳар як халқу миллат хосиятҳои хоси рафтору кори худро дорад, ки барои донистану қадр кардани он аз менеҷер қабл аз ҳама ҳирадмандӣ талаб менамояд. Агар як фаъолият дар як давлат хеле хуб қабул карда шавад, дар давлати дигар мумкин аст, ки ҳатто ғайриқонунӣ бошад. Мисол, дар олами соҳибкории голландиҳо худро ташфиқот кардан рафтори беақлона ҳисобида мешавад, аммо амрикоиҳо дар олами соҳибкорӣ худро хело баланд гирифта муваффақиятҳои шахсиро хуб мепарастанд.

Бинобар ин, маълум мегардад, ки дар атвору муносибат ва рафтору фаъолияти халқу миллатҳои гуногун хулқу хислати гуногун дида мешавад, ки инро дар мисоли ҳодисаи «Қайқ» метавон дарк кард. Ба гурӯҳи гуногуни одамон саволи зерин дода шуд: Шумо бо ҳамроҳии зану фарзанду модаратон дар қайқ шино мекардед, ки қайқ ғарқ шуд ва фақат як худи шумо оббозӣ карда метавонед. Дар ин ҳолат киро аввал наҷот медиҳед?

пешина
аз 522
навбатӣ