Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вақтро ҷамъ карда намешавад; вақтро ба дигар кас дода намешавад; вақт аз мо бебозгашт меравад.
Инчунин бузургон мефармоянд:
Вақтро медон ғанимат ҳар нафас Чунки вақти рафта н-ояд боз пас.
Роҳбарони оқилу доно хислати гуногуни санъати кордонӣ доранд, вале умумияти аксари онҳо чунин аст — вақтро бо тарзи системавӣ самаранок истифода мебаранд ва худро аз функцияи идоракунӣ озод менамоянд.
Вақтро ҳамчун мафҳуми зоҳирӣ Худованд қариб барои аксарият якхела мӯто мекунад.
Норасогии вақт аксар маврид барои тамоми роҳбарон ба шиддатнокии кор баста буда, проблемаи умумии менеҷменти ташкилотҳои дунё мебошад.
Бинобар ин, истифодаи самараноки вақт, яке аз масоили асосии санъати менеҷмент мебошад.
Мақсади асосӣ пеш аз ҳама сарфаи вақт дар иҷрои кор ва фаъолият дар менеҷмент буда, ҳар як корманд на танҳо вақти худ, балки вақти дигаронро низ бояд қадр намояд. Аммо афсӯс, аксар маврид дида мешавад, ки вақти зиёди корӣ ва ғайрикорӣ самаранок истифода бурда намешавад.
Аз рӯи ақидаи мо ҳар як инсон дар давоми умри худ, каҷхатоиеро соҳиб мебошад, ки онро дар шакли схемавӣ чунин овардан мумкин аст. (расми 1.)

Расми 1. Каҷхатаи ҳаёти одамон ва истифодаи захираҳо.

пешина
аз 522
навбатӣ