Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Дар ҳолате ки корманд ҷавон асту нозукиҳои касбро хуб намедонад ва қоидаи асосии иҷрои корро ҳанӯз аз худ нанамудааст, мураббӣ бояд бо роҳи таъсиррасонӣ, нишон додани усули дурусти кор кормандро тарбия намояд. Дар ҳолате ки корманд аллакай, қоидаю усули кории худро интихоб намудааст мураббӣ метавонад бо роҳи пешниҳодот ва масъалагузории нав ва дармондкунию пурсишҳо қобилияти ин гуна кормандро фаъол созад. Дар ин ҳолат масъулият ва ҳавасмандиро дар фаъолияти эҷодкоронаи (эҷдкоронаи) кори ва иҷрои супоришу пешниҳодҳои нав, ки ба воқеияти онҳо боварӣ дорад, шарти асосӣ мебошад.
Ҳолати дуюм нисбат ба ҳолати аввала мушкилтар мебошад, яъне корманде, ки ба қоида ва реҷаи муайяни кор аллакай одат кардааст, ӯро дигар кардан хеле ва хеле мушкил мебошад.
Вақте ки корманд каме қудрати кордонӣ пайдо мекунад, ӯ худаш мустақилона фаъолияташро ба нақша мегирад, чунин фикр дорад, ки аз ҳама хубтару аниқтар худи ӯ ин фаъолиятро мефаҳмад. Бовар кунонидани чунин шахсон, ба он ки рафтор ё худ кордонию дониши онҳо нокифоягӣ мекунад, пӯшида буда, баъзе ҳолатҳо менеҷерони таҷрибадор аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд. Дар ин ҳолат роҳбар бояд саросема нашуда, усули давра ба давраи мураббигиро истифода намояд, яъне кормандро ба усулу қоидаҳои нав одат кунонидан шарти муҳим аст. Аслан кори одаткунонӣ чор давраро дар бар мегирад:
-
Аниқ намудани ҳолатҳое, ки кормандро ба чунин рафтор водор месозад: шояд саводи касбӣ надорад, вазъи оилавиаш ноором аст, хоҳиш надорад, донишҳои кӯҳнашуда дорад ё ҳолати ноороми рӯҳӣ ва ғайраҳо!
-
Аниқ намудани қобилияти ӯҳдабароии корманд барои иҷрои мақсадҳои кунунии ташкилот ва навоварию эҷодкориҳо. Вобаста аз он «бовар»
кардан ба корманд дар иҷрои ин ё он ӯҳдадорию супориш ё худ вазифаҳо. -
Ақидаи навро пеш гузошта, масъалагузорӣ намоед ва худро дар канор гиред, то худи корманд ба Шумо барои ёрӣ муроҷиат намояд. Маҷбур совед, ки корманд худаш роҳи ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё