Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
барои он ки масоил ва роҳи ҳалли он ёфта шавад, муамморо ҳамаҷониба омӯхтан лозим аст;
реаксияи баръакси шогирдон ва то чӣ андоза аз худ намудани навиҳо аз тарафи онҳоро мураббӣ бояд мунтазам санҷида истад ва он бо роҳи ахбори аниқи объективона сурат гирад;
доимо роҳҳои нави сифатҳои кории кормандонро ҷустуҷӯ намуда, онро амалӣ гардонидан лозим аст.
Аслан баъзе кормандон зарурияти мураббигиро дарк накарда, онро камаҳамият наменамоянд ё ин ки каму беш таҷрибаи корӣ пайдо намуда, худро доно пишдошта, машварати касеро гӯш кардан намехоҳанд. Аммо, чунон ки файласуфи бузург Абӯалӣ Ибни Сино ҳанӯз зиёда аз 1025 сол пеш қайд карда буд: «Донишмандтарин ва кӯчактарин мардум ба сиёсати хуб ва тадбири тафаккури зиёд мӯҳтоҷу ниёзманд аст». Бинобар ин, вазифаи муҳими роҳбар аст, ки кори мураббигиро пайваста ҷорӣ намояд. Пеш аз ҳама чунин муҳит бояд дар ташкилот барпо созад, яъне:
пайдо кардани имконотҳо ва шароит барои омӯзиши кордонӣ, эҷодкорӣ ва амалигардонии қобилиятҳо;
ташкили лоиҳаи мақсадноке, ки эҷодкориро талаб мекунад;
кӯмак расонидан ба кормандон дар ҳалли масоили пайдошуда бо пешниҳоди роҳҳое, ки дигар он масоилҳо пайдо нагарданд;
ташкили ҳолати рӯҳии боваркунонӣ, ки корманд баъди чанде аз худ кардани нозукиҳои касб ба вазифаҳои боло пешбарӣ, ё таъин карда мешавад;
ҳалли одилонаи муноқишаҳои корию шахсиятӣ;
баландбардории ҳисси масъулиятнокии кормандон;
истифодаи қувваи эҷодии кормандон барои иҷрои лоиҳаи мақсадноки ташкилот.
Вобаста аз характерашон қисме аз одамон мехоҳанд, ки ба онҳо дастурамали аниқ омода созед, то ба ҳамаи саволҳо ҷавоб ёбанд. Дар хоҳиши дуюм одамон мехоҳанд, ки ба онҳо сӯҳбат ва гуфтугӯи як ба як дошта бошед. Ҳолати сеюмро вобаста аз муҳимияти кор интихоб менамоед ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё