Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
калон ва бемардина ки буд (падараш дар ҷанг ҳалок шуда буд) модараш ӯро бармаҳал ба кори колхоз монд. Баъд, вақте ки ҷавон аз дарахт афтода маҷрӯҳ шуду ӯро ҳамроҳи мӯйсафеди меҳмон ба касалхонаи шаҳр фиристоданд, модари сербача, ростӣ, чандон давугеҷ карда натавонист. Як бор бевазан барои писарбини ба касалхонаи шаҳр рафта буд. Аммо Насим «ман ба қишлоқ намеравам» гуфта бисёр бардорузан кардаасту модарашро ҳатто дидан нахостааст. Модар ҳам ночор ба роҳи худ баргаштааст. Сонӣ ба қишлоқ овоза расид, ки Насим аз касалхона баромадааст. Чанд вақт, интизор шуданд, наомад. Ҳар касе аз қишлоқиён ба шаҳр сафар кунад, як хабари тоза меовард. «Насим дар кӯчаҳо ваз гуфта мегардад», мегуфт яке. «Насим ба куҷое гум шуда рафтааст»,— хабар медод дигаре. «Ҷасади Насимро аз дарё ёфтаанд», мегуфт саввӯмӣ ва ҳоказо.
Боре сардори бригадаи боғдорӣ Шарофов ба шаҳр рафта, фаҳмид, ки Насим дар ресторани тобистонӣ фаррошу алавмон шуда кор мекунад. Инро шунида ба ресторан рафт, то ки аз аҳволи ҷавони бечора хабар гирад.
Дар пеши оташдон як одами аъзои баданаш аз чанги ангишту аз дуд сип-сиёҳшудае бо мӯйсари жӯлидаю расида дар болои кутгие нишаста, ғинг-ғингкунон ашӯла мехонд.
Шарофов аз қафои ӯ омада, оҳиста гуфт:
— Насим, ба ман нигар, ука!
Инро гуфта буд, ки Насим часта аз ҷояш хесту бели дастадарози оҳанинро бо як чолокии фавқулодда аз замин бардошта ва чашмонашро аз косахона бароварда, ба сари бригадир бонг зад:
— Гум шав, дурӯғгӯ, фиребгар, нобакор! Ман аз ҳафтод маҳалли раисӣ безор!
Шарофов аз тарс дигар ҳарфе назада, ба ақибаш нигоҳ накарда гурехт. Ӯ ба қишлоқ омада, гуфт ки берӯзӣ Насим дар ҳақиқат аз ақл бегона шудааст, лекин чунон фарбеҳ шудааст, ки назар ба исту бисти пешинааш бахузур ду баробар меояд.
Рафта-рафта баландтеппагиҳо аз Насим умеди худро канданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё