Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дар болояш як ситораи калони панҷӯшаро устувор карда буданд.

— Қариб расидем, аз афташ?— бетоқатона пурсид Алиҷон.

— Не-е, ҳоло боз аз як кӯпруки дигар мегузарем, баъд он тарафаш Баландтеппа.

Дере нагузашта иморатҳои дароз-дарози фермаҳои чорво намоён шудан гирифт:

— Колхозҳои ин чи реб ҳама бадавлатанд,— таъриф карда монд ронанда.

Ниҳоят ба идораи колхоз расиданд. Аҳли деҳа дар хоб буд. Ба коммутатори телефон даромада, раисро аз хонааш ҷеғ заданд.

Комилов дар кабинети раис нишаста, аз оби гарми бемазаи дар суроҳӣ буда истаконро пур карда менӯшид. Раис омада, ин ҳолро диду ба қаровул фармуд, ки оби тоза биёрад.

Раис одами миёнақади тануманде буд. Мӯйлаби сиёҳи ғулии ба ду бари рӯ тоб дода монда ва хаскулоҳи фарохлапар чеҳраи ӯро бисёр ҷиддӣ карда нишон медод.

Комилов аз Насим гап кушод.

— Намедонам, шумо кадом Насимро мегӯед,—ҷавоб дод раис.— Мо қариб дар ҳар бригада яктоӣ Насим дорем. Дар як бригада ҳатто ду Насим ҳаст.

Насиме, ки ду сол пеш аз ин ба касалхонаи шаҳр фиристода буданд,—шарҳ дод Алиҷон.

— Ду сол пеш аз ин...— андешамандона такрор намуд раис.—Ҳа, ҳа, ҳамин хел як воқеа шуда буд. Дар бригадаи Шарофов, мавсими себчинӣ буд. Насим аз дарахт афтода, сараш кафида буд. Бечора, аз афти кор, майнааш беҷо шуда буд, ки алой мегуфт. Он рӯзҳо як мӯйсафед аз шаҳр меҳмон шуда омада буд, ба ҳамон пиракӣ ҳамроҳ карда ба касалхона фиристоданд.

Қаровули идора оби тоза овард ва Комилов боз як истаконро пур карда нӯшиду ба нақли раис гӯш дод.

Насим аслан бачаи миҷморуки серкасалӣ буд. Якчанд синфи мактаби қишлоқро базӯр тамом кард. Оилаашон

пешина
аз 102
навбатӣ